«AQCA 2024». Дар Алмато Конфронси 3-юми Осиёи Марказӣ оид ба сифати ҳаво доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19-20 сентябр дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Конфронси 3-юми Осиёи Марказӣ оид ба сифати ҳаво «AQCA 2024» таҳти унвони «Таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти мониторинги сифати ҳаво ва тӯфонҳои чангу ғубор дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар конфронс намояндагони баландпояи соҳаи ҳифзи муҳити зисти давлатҳои Осиёи Марказӣ, Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист, ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ва муҳаққиқону коршиносон сухан гуфтанд.
Дар ҷаласаи якуми конфронс, ки дар мавзуи «Баррасии роҳу воситаҳои мониторинги сифати ҳаво ва чангу ғубор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» доир гардид, сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳавои атмосфераи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқаюм Қаландарзода дар мавзуи «Низоми мониторинги давлатии сифати ҳаво ва тӯфонҳои чангу ғубор дар Тоҷикистон» маъруза намуд.
Конфронси 3-юми Осиёи Марказӣ оид ба сифати ҳаво «AQCA 2024» давоми 2 рӯз дар 8 ҷаласа идома ёфта, дар ҷараёни он беш аз 60 коршиносу мутахассиси соҳа маърузаи илмӣ намуд.
Ҳамзамон масъалаҳои мубрами марбут ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти мониторинги сифати ҳаво ва тӯфонҳои чангу ғубор дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






