АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти унвони «Нақши арзишҳои даврони истиқлолият дар таҳкими давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада.
Дар конференсия моҳияти мафҳуми истиқлол ҳамчун истилоҳи сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва аҳамияти илмӣ-назариявии он, моҳияти асосҳои конститутсионии давлати соҳибистиқлоли миллӣ, нақш ва аҳамияти истиқлоли давлатӣ дар таърихи муосири Ҷумҳуриии Тоҷикистон, истиқлолият ва эҳёи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, таҳкими арзишҳои даврони истиқлолият дар муқобили таҳдидҳои замони муосир ва истиқлолият — заминаи асосии рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иброз гардид, ки бузургтарин дастоварди мо дар даврони истиқлолият барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, ба воситаи он дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.
АКС: Донишкадаи исломии Тоҷикистон








СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд






