ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ХИЗМАТЧИЁНИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ «ПОЙТАХТ»-И ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Соҳибкори ватанӣ ба дидорбинии сарбозону афсарон рафт

Сентябрь 6, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 06.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар пайравӣ ба ташаббусу иқдоми инсондӯстонаву хайрхоҳонаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» Маҳмудҷон Муродов бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиён дастархони идона ороста шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни суҳбат бо хизматчиёни марказ аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ, хосса аз ин ниҳоди муҳофизатӣ ёдовар гардид. Таъкид гардид, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва муайян намудани самтҳои инкишофи ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ фароҳам овард.

Ин аст, ки Тоҷикистон дар тамоми самтҳо ба марҳилаи рушди устувор ворид шуда, сатҳи зиндагии мардум пайваста боло бардошта мешавад.

Ҳоло дар ҳудуди Маркази таълимии «Пойтахт» имконоти фарохи хизмату аз бар намудани нозукиҳои хизмат муҳайё буда, ошхона барои 1000 ҷойи нишаст ва хобгоҳ барои 1000 нафар мутобиқ ба талаботи замони муосир амал менамояд.

Бо назардошти муҳайё сохтани имконоти муосир ва мутобиқ намудани сатҳу сифати хизмат шароит дар Қӯшунҳои сарҳадӣ ба талаботи замон мутобиқ гардонида шудааст.

Иброз гардид, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, асосҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккул ва такмили сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин таълиму тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд.

Ҳоло иқтидори мудофиавии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аз лиҳози таъминот бо кадрҳои соҳибтахассуси ҳарбӣ ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ хеле мустаҳкам гардидааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ барои марзбонони тоҷик, хосса нуқтаҳои сарҳадӣ, ки дорои отрядҳои пуриқтидор мебошанд, давраи мутобиқшавӣ ба меъёрҳои муосир ва комилгардонӣ аст.

Соҳибкори ватандӯст Маҳмудҷон Муродов изҳор дошт, ки минбаъд низ чунин тадбирҳои хайрхоҳонаро идома дода, барои руҳбаландию ҳавасмандгардонии сарбозону афсарони қисмҳои низомии мамлакат кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки онҳо қарзи шаҳрвандии худро дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро намоянд.

Сентябрь 6, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад