Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Роҳи оҳани Тоҷикистон пуршукуҳ таҷлил гардид

Сентябрь 7, 2024 13:23

ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бахшида ба 33-солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин корхона хабар доданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки масъалаи асосӣ ва муҳим, дастоварди арзишманде, ки мояи ифтихору побарҷойии миллати мо дар охири асри XX гардид, ин ҳифзи давлатдории миллӣ буд, ки миллати мо аз уҳдаи он сарбаландона баромада тавонист.

Тоҷикистон давоми 33 соли Истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ҷаҳониии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ касб намояд.

Иброз гардид, ки давраи навини рушди роҳи оҳани Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991- санаи мақоми давлати соҳибихтиёрро гирифтани мамлакат шуруъ мегардад. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбари байналмилалӣ ҳаракати қатораҳои мусофирбар дар хатсайри «Душанбе-Тошканд-Душанбе», «Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб», «Душанбе-Волгоград-Душанбе» ва «Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд» ба роҳ монда шуд, ки ин дар интиқоли мусофирон аз Тоҷикистон ба Узбекистон ва Русия нақши муассир мегузорад.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Сентябрь 7, 2024 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд