Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид

Сентябрь 6, 2024 14:10

ДУШАНБЕ, 06.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа директори АМИТ «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода тамоми кормандони агентиро бо ин ҷашни муқаддаси давлатӣ табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки 9 сентябр — Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ҷашни муҳиму фархунда ва тақдирсоз ба шумор меравад, ки ҳамасола дар саросари Ватани биҳиштосоямон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад.

Таъкид гардид, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири ҷумҳурии соҳибихтиёрамон, эҳёи падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста намудаанд.

Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ обру ва нуфузи Тоҷикистон ҳамчун мамлакати мустақил ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд.

Махсусан, ташаббус ва пешниҳодоти Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои мубрами умумибашарӣ аз ҷониби созмону ташкилоти байналмилалӣ ва давлатҳои абарқудрат  ҳамовозии амиқ пайдо намуданд.

Дар ҷаласа собиқадорони агентӣ аз нахустин рӯзҳои ба даст овардани истиқлолият, лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда ва дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2024 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд