Дар Давлати Кувайт ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанони муқими Кувайт ва донишҷӯёни тоҷик таҷлил карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода аҳаммият ва маънои Истиқлолиятро шарҳ дод ва ҳамватанонро ба ҳифзи арзишҳои Истиқлолият, якпорчагӣ ва дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии Тоҷикистон даъват намуд.
Дар идома доир ба мавзуъҳои таърихи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи миллӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ маърӯза карда шуд.
Дар ҳамоиши идона намунаи ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардида, китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъриху фарҳанги тоҷикон ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳамзамон як зумра ҳамватанони муқим ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар чорабиниҳои ҷамъиятии Сафорат фаъолона иштирок намудаанд, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.













Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд






