Дар Душанбе Анҷумани 2-юми осебшиносон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳти унвони «Инноватсия дар осебшиносӣ ва ортопедӣ Анҷумани 2-юми осебшиносон ва ортопедони Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид, ки дар он намояндагон аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Арманистон, Испания, Гурҷистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки дар баробари дигар самтҳои соҳаи тандурустӣ шохаи осебшиносӣ ва раддодӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ёфта, ба дастовардҳо ноил шуд. Ворид кардани осеббардорӣ ба Дурнамои пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ дар мамлакат далели ин гуфтаҳо мебошад.
Давоми солҳои охир бо саъю кӯшишҳои мутахассисони соҳа ва устодони кафедраҳои травматология ва ортопедияи мамлакат дар самти такмил ва ташкили хизматрасонии тиббӣ дар соҳаи травматология ва ортопедия дар ҷумҳурӣ якчанд навгониҳо ба даст омаданд.
Дар кори анҷуман мавзуъҳои гуногун дар бахши осебшиносӣ ва ортопедӣ бо иштироки мутахассисони дохил ва хориҷи мамлакат муҳокима гардиданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






