Дар Душанбе дар мавзуи «Мақоми занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Мақоми занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» — таҳти ин унвон дар Душанбе бо иштироки ходимони давлатӣ, олимон ва омӯзгорон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занону духтарон имтиёзҳои давлатӣ амалӣ гардидаанд, ки нишон аз баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ба тасвиб расидани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо», «Барномаи давлатии таъмини ҳуқуқҳои баробар ва имконияти баробари мардон ва занон», «Барномаи давлатии дастгирӣ ва тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд» ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» аз ҷумлаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва тадбирҳое мебошанд, ки ба иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷомеа мусоидат менамоянд.
Имрӯз занони Тоҷикистон дар зинаҳои гуногун дар тамоми соҳаҳои ҳаёт- мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, сохторҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъол буда, дар рушди соҳаҳои ҷомеа саҳми арзанда доранд.
Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро занон ташкил медиҳанд.
Шумораи умумии занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71 фоиз, фарҳанг 47 фоиз, бонкдорӣ 39 фоиз, алоқа 25 фоиз ва дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоизро ташкил медиҳад.
Бархе аз иштирокчиён вобаста ба ташаккул ва рушди сиёсати гендерӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, доир ба нақши занон дар рушди хизмати давлатӣ, саҳми занон дар таҳкими тафаккури миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ маъруза намуданд.
АКС: Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон корҳои созандагию ободкорӣ вусъат меёбанд
Дар озмуни вилоятӣ Хуҷанд дар соли 2025 шаҳри беҳтарин дониста шуд
Балаҷон Ёқубов бо 15 ҳазор сомонӣ мушкилии даҳсолаи чорводорону сокинони минтақаи кӯҳиро дар ноҳияи Лахш бартараф намуд
Кӯлоб «Шаҳри беҳтарин» ва Данғара «Ноҳияи беҳтарин»-и соли 2025 дар вилояти Хатлон муайян гардиданд
Ёвон дар номинатсияи «Ноҳияи беҳтарин» дар вилояти Хатлон сазовори ҷойи дуюм гардид
Соли 2025 дар шаҳри Ҳисор қариб 70 км роҳ мумфарш карда шуд
Дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич бинои Маркази ҷавонон сохта мешавад
Дар Хуҷанд Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд карда мешавад






