Дар Душанбе дар мавзуи нақши занон дар фаъолияти милитсияи тоҷик ҳамоиш доир гардид

Сентябрь 16, 2024 16:20

ДУШАНБЕ, 16.09.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Душанбе таҳти унвони «Нақши зан — корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар фаъолияти милитсияи Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иброз гардид, ки занони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари мардон бо саҳмгузорӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон истеъдоду лаёқати баланди корбарӣ, вафодорӣ ва садоқат ба ин пешаи пурифтихор зоҳир менамоянд.

Дар раванди ислоҳоти милитсия дар ҳарду марҳила ба фаъолияти занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия барои баланд бардоштани нақши зан дар мақомоти корҳои дохилӣ, фароҳам овардани шароиту фазои мусоиди корӣ барои занон дар мақомоти корҳои дохилӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти Ассотсиатсияи шуроҳои занон ва шуроҳои занони мақомоти корҳои дохилӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ассотсиатсияи шуроҳои занони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардид.
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ислоҳоти милитсия аз соли 2013 оғоз ёфта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба  «Барномаи  ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 ва 2021-2025» тасдиқ карда шуд.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошанд. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробари занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти барорбарии гендерӣ дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқии дохилӣ ва байналмилалӣ амал мекунад.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 16, 2024 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид