Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивали атласу адрас баргузор мегардад

Сентябрь 15, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивал ва намоишу фурӯши атласу адрас баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги матоъҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии навъҳои гуногуни атласу адраси ватанӣ ва муайян намудани истеъдодҳои нав байни тарроҳони ҷавон ва чирадастони моҳир доир мегардад.

Фестивал сабаби густариши фарҳанги миллӣ дар ҳаёти рӯзмарраи мардум хоҳад шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 15, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
Султон Раҳимзода ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси солонаи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ интихоб гардид
Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба 22 кишвари ҷаҳон содирот мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуд