Дар Душанбе доир ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории Шанхай машварат баргузор шуд

Сентябрь 20, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 20.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории Шанхай» машварати илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо.

Дар машварат иброз гардид, ки иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ҳадафи таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, равобити боэътимод ва дӯстона дар байни давлатҳои аъзо ва нозири ин созмон, инчунин таъмини амнияту оромӣ ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақаро пайгирӣ мекунад. Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти беш аз пеши нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ, ҳамкорӣ дар ҳифзи муҳити зист ва густариши муколамаи фарҳангӣ ба нафъи ҳамгироии минтақавӣ аст.

Созмони ҳамкории Шанхай яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалие мебошад, ки дар арсаи ҷаҳонӣ  нақш ва таъсири муассир дорад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар машварат вобаста ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Форуми гуфтугӯи Теҳрон иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии нақшавии Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ ба таври онлайн баргузор шуд
Дар Душанбе вохӯрии ҳафтуми роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
Дар Котиботи СҲШ дар Пекин ба муносибати ҷашни Наврӯз ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар Душанбе таҳти унвони «Созмони ҳамкории Шанхай: дар роҳи ҷомеаи солим бе маводи мухаддир» ҳамоиши байналмилалӣ доир шуд
Партитураи Суруди Созмони ҳамкории Шанхай ба Котиботи СҲШ дар Пекин тақдим гардид
Дар Душанбе доир ба Соли рушди устувори Созмони ҳамкории Шанхай ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи 23-юми Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд