Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Темурмалик кинотеатри «Тоҷи Сомон» таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 18.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик кинотеатри «Тоҷи Сомон» таъсис ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Кинотеатр бо таҷҳизоти кинонамоишдиҳии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, минбаъд барои намоиши филмҳо заминаи мусоид мегузорад.
Алоқамандону ташобинони соҳибзавқи синамои тоҷик имкон пайдо намуданд, ки филмҳои ватанию хориҷиро дар ин толори барҳавою замонавӣ дастҷамъона тамошо намоянд.
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» тасмим гирифтааст, ки минбаъд дар ин толор филмҳои ватаниро ба намоиш гузорад.
Ёдовар мешавем, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ду кинотеатр- «Ситора» ва «Орлёнок», дар шаҳри Ваҳдат кинотеатри «Ҳилолӣ» ва дар ноҳияи Рӯдакӣ кинотеатри «Баҳор» тибқи талаботи замон бо технологияи кинонамоишдиҳии муосир муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд






