Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Темурмалик кинотеатри «Тоҷи Сомон» таъсис дода шуд

Сентябрь 18, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 18.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик  кинотеатри «Тоҷи Сомон» таъсис ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Кинотеатр бо таҷҳизоти кинонамоишдиҳии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, минбаъд барои намоиши филмҳо заминаи  мусоид мегузорад.

Алоқамандону ташобинони соҳибзавқи синамои тоҷик имкон пайдо намуданд, ки филмҳои ватанию хориҷиро дар ин толори барҳавою замонавӣ дастҷамъона тамошо намоянд.

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» тасмим гирифтааст, ки минбаъд дар ин толор филмҳои ватаниро ба намоиш гузорад.

Ёдовар мешавем, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ду кинотеатр- «Ситора» ва «Орлёнок», дар шаҳри Ваҳдат кинотеатри «Ҳилолӣ» ва дар ноҳияи Рӯдакӣ кинотеатри «Баҳор» тибқи талаботи замон бо технологияи кинонамоишдиҳии муосир муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Сентябрь 18, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд