Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 18.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 сентябр дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе майдончаи замонавии варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Маҷмаа аз майдончаи ҳозиразамони варзишӣ барои ҳаводорони бозии футбол иборат буда, дар атрофи он корҳои ободонию сабзазоркунӣ анҷом дода шудаанд. Майдонча аз ҳисоби маблағҳои Коллеҷи технологӣ сохта шуд. Сохтмон моҳи майи соли 2024 оғоз шуда, дар муддати кӯтоҳ бо сифати баланд анҷом ёфт.
Зимни ба истифода додани майдонча Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки «сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан ҷаҳду талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои аввалинро аз таъсису барқарор намудани мактабҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оғоз намояд».
Маҳз бунёди чунин иншооти замонавӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда, донишҷӯ-варзишгарони Коллеҷи технологӣ дар оянда метавонанд дар сатҳи ҷаҳон номи Тоҷикистонро баланд бардоранд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад






