Дар ноҳияи Ашт доир ба рушди хучпарварӣ ва моҳипарварӣ машғулияти ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд таҳти унвони «Рушди соҳаи хучпарварӣ ва моҳипарварии инноватсионӣ» машғулияти илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи Ашт 8 сентябри имсол супориш доданд, ки дар ин ноҳия соҳаи моҳипарварӣ ва хучпарварӣ тақвият дода шавад.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зимни машғулияти илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ иброз намуд, ки дар Тоҷикистон барои рушди ин ду бахши сердаромади соҳаи кишоварзӣ имконият бештар аст. Бояд таҷрибаи хоҷагидорони ноҳияи Ашт ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар дигар минтақаҳои малакат татбиқ шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2018 инҷониб дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона» дар зиёда аз 70 гектар замини ғайрикишоварзӣ 22 ҳавзи парвариши моҳӣ ташкил намудааст. Дар ин мавзеъ бори аввал дар ҳавзҳои суперинтенсивӣ моҳӣ парвариш намуданд. Дар як гектар ҳавзи суперинтенсивӣ имкони парвариши зиёда аз 10 ҳазор моҳӣ мавҷуд аст. Дар ҳавзи муқаррарӣ дар ҳамин масоҳат метавон ҳамагӣ 2,5 ҳазор моҳӣ парвариш намуд. Хоҷагидорон дар солҳои 2019-2023 1 ҳазору 200 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол намудаанд. Инчунин дар айни замон дар ду ҳавз зиёда аз 10 ҳазор мурғобӣ парвариш мешавад.
Дар ҳудуди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона» ба ғайр аз ҳавзҳои моҳипарварӣ зиёда аз 1000 гектар замини корам ва бештар аз 150 гектар боғи хуч, зардолу, биҳӣ, ангур ва анор мавҷуд аст. Хоҷагидорон соли 2023 аз ҳамин масоҳат қариб 200 тонна меваи хуч ҷамъоварӣ намуданд.
Дар ду соли охир дар ноҳия 3,3 ҳазор тонна хуч истеҳсол гардид. 400 тоннаи он ба таври мустақим ба хориҷи мамлакат содирот ва боқимонда ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон барои коркард, бандубаст ва содироти минбаъда интиқол дода шуд.
Дар ҷараёни машғулият иштирокдорон вобаста ба парвариш ва аҳамияти хуч ва моҳӣ мубодилаи афкор намуданд. Иброз гардид, ки таҷрибаи деҳқонони ноҳияи Ашт бояд дар дигар минтақаҳои мамлакат пурра татбиқ гардад.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд






