Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои қадимии миллии халқи тоҷик баргузор гардид

Сентябрь 18, 2024 10:21

ДУШАНБЕ, 18.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар намоиши ҷумҳуриявӣ, ки  таҳти унвони «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, беш аз 35 навъи ҳунарҳои қадимии миллии халқи тоҷик аз фонди тиллоии Осорхонаи    миллӣ ва офаридаҳои ҳунармандони соҳибзавқи шаҳри Душанбе ба маърази тамошо гузошта шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани  кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод, намоиши ҷумҳуриявии «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик»  бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 декабри соли 2023 ба муносибати ворид гардидани силсилаи ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг – ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намудҳои санъат ва касбу ҳунарҳои қадимии миллӣ доир шуд.

Зимни ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ   Зафаршо Иброҳимзода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар  Одилзода ва котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон сухан намуданд.

Ҳамзамон дар намоиш сафирони фавқулода ва мухтори  Туркманистон, Қазоқистон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Фаронса, Фаластин, Покистон, Беларус дар Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.


Дар намоиш зиёда аз 35 навъи ҳунарҳои қадимии миллии халқи тоҷик аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ва офаридаҳои ҳунармандони соҳибзавқи шаҳри Душанбе,  ба монанди мисгарӣ, созтарошӣ, читгарӣ, гулдӯзӣ, кандакории рӯйи чӯб, кундал, аъҷубасозӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, табақтарошӣ, қуроқбофӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, атласу адрасбофӣ, сабадбофӣ, кордсозӣ, минётурнигорӣ, оҳангарӣ, шерозабофӣ, доирасозӣ, муҳракашӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Бояд гуфт, ки зиёда аз 15 навъи ҳунарҳои мардумии ба намоиш гузошта, ба монанди атласу адрасбофӣ, гаҳворасозӣ, муҳракашӣ, попурзанӣ, қуроқдузӣ, шерозабофӣ, намадрезӣ, қолинбофӣ,  сабадбофӣ, кордсозӣ ва ғайра аз ҷониби ҳунармандон ба шакли амалӣ ё зинда иҷро гардиданд, ки ин диққати меҳмонону тамошобинонро бештар ҷалб намуд.

Дар анҷом ҳунармандон барои  саҳми муносиб гузоштан дар тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ ва иштироки фаъол дар намоиши ҷумҳуриявии «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» бо Сипосномаи Осорхонаи миллӣ сарфароз гардонида шуданд.

  АКС: Осорхонаи  миллии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2024 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 6 агентии иттиллоотӣ, аз ин 1 давлатӣ ва 5 мустақил фаъолият доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Шоҳи қуллаҳо» — филми мустанад дар мавзуи ҳифзи бабри барфӣ сазовори ҷоиза гардид
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои беназир дар минтақа — Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад
Дар Тоҷикистон «Маҷмааи бостонии Бибихонум» таъсис дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ду барномаи нави соҳаи фарҳанг қабул гардид
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Рӯзи фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ашт баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Восеъ баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Вахш дастовардҳои давоми соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардид
Осорхонаи миллӣ дар Тоҷикобод намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуд
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад