Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсоз оид ба даъвати тирамоҳӣ доир шуд

Сентябрь 23, 2024 09:27

ДУШАНБЕ, 23.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2024  «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ҳамзамон дар ҷаласа натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ», фаъолияти масъулини давлатии вобастаи даъват ва дигар мақомоти ваколатдор, кор бо захираҳои даъватӣ, пешгирии роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва дигар масоили марбут ба чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ мавриди муҳокима ва натиҷагирӣ қарор дода шуд.

Иштирокчиёни ҷаласа зимни таҳлилу баррасии масъалаҳо вобаста ба монеаву мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе мақомоти масъули даъватии шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карданд.

Изҳор шуд, ки новобаста аз иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ санҷишҳои прокурорӣ нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти баъзе комиссияҳои давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамоно якчанд мушкилиҳо, аз қабили наомӯхтани шахсияти даъватшавандаҳо, дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ набудани баъзе аз шаҳрвандон, муоинаи нодурусти ташхиси тиббӣ, сари вақт ҳозир нагардидани ҷавонон ба комиссияҳои даъватӣ ва баъзе кирдорҳои коррупсионӣ низ ошкор мегарданд, ки нисбат ба ин гуна ашхос ҷазоҳои қонунӣ татбиқ карда шудаанд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 23, 2024 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд