Дар Сарпрокуратураи ҳарбӣ оид ба иҷрои талаботи қонун дар самти даъвати шаҳрвандон ҷаласа доир гардид

Сентябрь 21, 2024 09:38

ДУШАНБЕ, 21.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони масъули сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти давлатии вобастаи даъват, комиссарони ҳарбӣ ва дигар масъулони ҷузъу томи низомӣ доир ба иҷрои талаботи қонуну санадҳои амалкунанда дар самти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовара баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузории соҳаи даъват дар даъвати баҳорӣ, инчунин ташкил ва муташаккилона гузаронидани даъвати тирамоҳии имсола, ки аз 1 октябр оғоз меёбад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иброз гардид, ки ҳамасола даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар сатҳи зарурӣ гузаронида шуда, сафи ҷавононе, ки ба таври ихтиёрӣ ба хизмат фиристонида мешаванд, зиёд ва нақшаи даъват иҷро мегардад. Дар баробари ин, комиссияҳои даъватӣ дар баъзе мавридҳо ба қонунвайронкуниҳо роҳ медиҳанд, ки барои пешгирию бартараф кардани онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шудаанд.

Ҳамзамон масъулини мақомоти давлатии вобастаи даъват вазифадор гардиданд, ки даъвати навбатиро дар доираи талаботи қонунҳо ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 -и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» амалӣ карда, ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва дорои аҳамияти мудофиавиро дар сатҳи баланд ҷамъбаст намоянд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 21, 2024 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд