Дар шаҳри Хуҷанд муовинони сарвазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот намуданд

Сентябрь 8, 2024 19:46

ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Эдил Байсалов, ки бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкории судманд байни ду кишвар андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки бо шарофати талошҳои хастанопазири сарони давлатҳо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров робитаҳо миёни ду давлати дӯсту ҳамсоя тақвият меёбанд.

Муовини Сарвазири Қирғизистон аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, аз номи  Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва мардуми ин кишвар Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфт.

Дар вохӯрӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон Абдикарим Алимбаев ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Сентябрь 8, 2024 19:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд