Дар шаҳри Панҷакент ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо бо мақсади муошират, балки барои пешбурди тиҷорат, инчунин паҳн кардани иттилооти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим фаъолона истифода мешаванд. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, шабакаҳои иҷтимоӣ манбаи тарғиб гардидани фарҳанги бегона ва ахлоқи бад барои насли наврас ва ҷавон низ гардидааст. Мутаассифона, иттилооте, ки айни замон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегардад, дар аксар маврид бо синну соли корбарон мувофиқат намекунад. Ин матлаб 26 сентябр зимни баргузории ҷаласаи навбатии сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Панҷакент доир шуд, баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода иброз намуд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар замони муосир заминаи афзоиши иттилоот дар ҷаҳон гаштааст. Дар ҷаҳони муосир иттилоърасонии ҷомеа бо суръати хеле баланд идома дошта, дар баробари манфиатоварӣ, инчунин сарчашмаи ҷинояту ҷинояткорӣ ва таҳдидҳои фаромиллӣ гаштааст.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки аз сабаби оне, ки вазифаи аслии шабакаҳои иҷтимоӣ муайян кардани афкори ҷамъиятӣ аст, онҳо на дар хизмати корбар, балки дар хизмати моликҳои хориҷӣ қарор доранд. Аз аввал то ба имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади интиқоли дониши низомнок ё баланд бардоштани маърифати одамон ташкил нашудаанд. Зеро чунин навъи фаъолият бо мақсади моликони шабакаҳои мазкур мувофиқат намекунанд. Донишҳҳои босифат дар китобу мақолаҳое дида мешавад, ки муаллифони онҳо дар ҳақиқат бо нияти интиқоли дониш ва ташаккул додани афкори омма онҳоро таҳия кардаанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон вобаста ба ин масъала андешаҳои худро иброз дошта, баҳри истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ таклифу пешниҳодҳои мушаххас намуданд.
АКС: Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






