Дар Женева Шарҳи чоруми фаъолияти экологии Тоҷикистон баррасӣ шуд

Сентябрь 14, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 14.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Женева ҷаласа доир ба муҳокимаи лоиҳаи Шарҳи чоруми фаъолияти экологии  Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва коршиносони байналмилалии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо   баргузор гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки  Тоҷикистон аввалин давлате аст, ки баррасии Шарҳи чоруми фаъолияти экологиро анҷом медиҳад. Шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба давлатҳо барои беҳтар намудани идоракунии муҳити зист ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти экологӣ мусоидат намуда, мубодилаи иттилоотро байни давлатҳо оид ба сиёсати экологӣ ва таҷрибаи татбиқи он ташвиқ менамояд. Инчунин ба ҳамгироии сиёсати экологӣ ва сиёсати соҳавӣ дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт мусоидат намуда, масъулияти мақомоти давлатиро дар назди ҷомеа ва таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ ташвиқ месозад.

Дар лоиҳа арзёбии пешрафти давлат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мувофиқаи вазифаҳои экологию иқтисодӣ ва риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ҳама бахшҳо инъикос ёфтаанд. Зимни баррасии лоиҳа воқеияти тавсияҳои коршиносон доир ба фаъолияти экологии Тоқикистон аз ҷониби намояндагони Кумита муҳокима гардида, бо назардошти эродҳо таҳрир карда шуд.

Баррасии шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти рушди устувор ва ҳифзи муҳити зистро барои наслҳои оянда таъкид менамояд.

Тоҷикистон дар соҳаи экология ба дастовардҳои  назаррас ноил гардида, талошҳоро барои ба даст овардани муваффақият идома медиҳад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 14, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсати ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти омори мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РВБ» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид
Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб густариш меёбад
Дар Душанбе ҳамкории ширкатҳои австриягӣ дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форум-намоишгоҳи байналмилалии сохтмонӣ 100+ TechnoBuild иштирок намуд
Ҳамлу нақли транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Узбекистон бе рухсатнома амалӣ мегардад
Дар дарёи Ғунд Неругоҳи барқи обии «Чарсем» бунёд карда мешавад
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир мегардад
Робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тавсеа меёбанд
Дар Душанбе лоиҳаи «Маблағгузории соҳибкории занон» баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд ҳамкориро дар самти экология, энергетика ва саноат тақвият мебахшанд