Эмомалӣ Раҳмон: «Дастрасӣ ба маблағҳои қарзии дарозмуҳлат омили муҳими ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат аст»

Сентябрь 12, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 12.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастрасӣ ба маблағҳои қарзии дарозмуҳлат ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ омили муҳими ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳисоб меравад. Чунин изҳор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод.

Сарвари давлат баён доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба соҳибкорону сокинони ноҳия аз ҷониби ташкилоти қарзӣ 171 миллион сомонӣ дода шудааст, ки 165 миллион сомонии он қарзҳои хурд мебошанд. Ҳаҷми қарзи додашуда танҳо дар моҳҳои январ – июни соли 2024 ба зиёда аз 20 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  43 фоиз зиёд аст.

Бо вуҷуди ин, ба таъкиди Пешвои миллат, Бонки миллиро зарур аст, ки якҷо бо ташкилоти қарзӣ барои таъмин намудани дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия 9 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 5 корхонаи дар шашмоҳаи якуми имсол таъсисшуда ба қайд гирифта шудааст, ки бо чунин нишондиҳандаҳо расидан ба ҳадафи саноатикунонӣ мушкил аст.

Дар ноҳия сатҳи таъмини хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли худӣ дар шашмоҳаи якуми имсол ҳамагӣ 5,6 фоизро ташкил додааст, ки ба назари Сарвари давлат, ин тамоман қонеъкунанда нест.

Ҳамчунин имконоти ноҳия дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хоми саноатӣ пурра истифода нашудаанд. Дар робита ба ин роҳбарону масъулони ноҳия муваззаф шудаанд, ки барои таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нав ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Сентябрь 12, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд