«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Соли 2025 маблағи озмун 100 фоиз зиёд карда мешавад

Сентябрь 16, 2024 14:44

ДУШАНБЕ, 16.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2025 маблағи мукофотпулӣ барои ғолибони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  шуруъ аз мактабҳо  то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Бояд гуфт, ки давоми 6 соли баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маблағи «Шоҳҷоиза»-и он 50 ҳазор сомонӣ зиёд шуд, яъне он аз 20 ҳазор сомонӣ ба 70 ҳазор сомонӣ зиёд гардонида шуд. Аз соли оянда бо дастури сарпарасти озмун-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотпулӣ 100 фоиз зиёд мегардад.

Ба озмун якчанд тағйирот ворид гардид

«Имсол таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бори шашум гузаронида мешавад. Имсол барои ҳавасмандсозии иштирокчиён ба озмун якчанд тағйирот ворид гардид. Аз ҷумла, «Шоҳҷоиза»-и озмун аз 1 адад ба 4 адад зиёд гардид», — иброз дошт сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм.

Барои боз ҳам такмил бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии иштирокчиён соли 2024 ба низомномаи он якчанд тағйиру иловаҳо ворид гардид.

«Ин тағйирот, пеш аз ҳама, дар номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон» ворид гардида, номи номинатсия ба «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» табдил дода шуд. Ин номинатсия яке аз бахшҳои фаъолтарини озмун ба ҳисоб рафта, довталабони он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Инро ба инобат гирифта, имсол ин номинатсияро ба се гурӯҳ ҷудо намуданд: гурӯҳи якум- хонандагони синфҳои 1 то 4, гурӯҳи дуюм- хонандагони синфҳои 5 то 8 ва гурӯҳи сеюм- хонандагони 9 то 11 ва 10,11-и муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошанд»,-гуфт ӯ.

Шумораи «Шоҳҷоиза»-и озмун ба 4 адад расид

Иброз гардид, ки хусусияти синнусолии кӯдакону наврасон ба инобат гирифта шуда, Шоҳҷоизаи озмун аз 1 адад ба 4 адад зиёд гардид. Чунин тағйирот барои дарёфти «Шоҳҷоиза», ки хондан ва аз бар намудани 70 фоизи осори назмиву насриро аз рӯи чор номинатсия дар бар мегирад ва барои иштирокчиён каме душвор буд, ворид шуд. Ҳамзамон шумораи ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба 126 нафар расид, ки дар маҷмуъ 130 ғолибро ташкил медиҳад.

«Бо назардошти тағйироти воридшуда, имсол маблағи умумии мукофоти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 миллиону 570 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 695 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад»,- изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Барои иштирокчиёни даври ҷумҳуриявӣ имтиёз пешбинӣ шудааст

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2024 баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат баргузор мегардад.

Тибқи дастури Пешвои миллат, имсол низ барои иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он, довталабони даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва филологии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат бе озмун ба гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.

Гирандагони «Шоҳҷоиза»-и озмун давоми панҷ сол киҳо буданд?

«Шоҳҷоиза»-и озмун соли 2023 бо маблағи 70 ҳазор сомонӣ насиби донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрона Тоҳирӣ гардид.

«Шоҳҷоиза» ва маблағи 70 ҳазор сомонии озмун соли 2022 ба хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара Шаҳло Сайдалиева сазовор дониста шуд.

Соли 2021 бинобар сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи Низомномаи озмун ягон нафар ба дарёфти «Шоҳҷоиза» муносиб дониста нашуд.

Ҳамзамон соли 2020 тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон «Шоҳҷоиза»-и озмунро Раъно Насриддинова — хонандаи синфи 11 аз шаҳри Панҷакент соҳиб шуд. Ба ғолиби «Шоҳҷоиза» Диплом ва 60 000 сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим гардид.

Соли 2019 «Шоҳҷоиза»-и озмун ба Бунёд Раҳнамо сазовор дониста шуд.

Ғолиби озмун  аз рӯи чор номинатсия хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Раҳнамо Бунёд дониста шуда,  ба ӯ Шоҳҷоиза  ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор  сомонӣ  тақдим гардид.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 16, 2024 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид