«ХАТЛОН ИНВЕСТ-2024». Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 24.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17-18 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон-Инвест-2024» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон-Инвест-2024» бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, густариши муносибати тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Дар назар аст, ки дар ҷараёни он маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳии вилоят намоиш дода шаванд. Инчунин байни соҳибкорону сармоягузорон мулоқотҳои инфиродӣ доир шуда, Ёддошти ҳамкорӣ ба тасвиб мерасад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






