«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ дар Душанбе шароити мусоид фароҳам оварда шудааст

Сентябрь 17, 2024 17:41

ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ҷараёни баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.

Қобилҷон Хушвахтзода ба иштирокчиëни озмун муваффақият таманно намуда, таъкид дошт, ки барои дар сатҳи хуб баргузор намудани озмун тамоми идораву корхонаҳои масъули шаҳру ноҳияҳо шароити мусоид муҳайё намудаанд, то иштирокдорони озмун дар фазои осоиштаю шаффоф ва мувофиқи донишу маҳораташон сабқат намоянд.

Бояд гуфт, ки аз 16 сентябр дар ҷумҳурӣ даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, озмун дар шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 16 то 23 сентябр, дар вилояти Хатлон –минтақаи Бохтар аз 16 то 21 сентябр, дар минтақаи Кӯлоб аз 23 то 28 сентябр, дар вилояти Суғд аз 16 то 26 сентябр, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб ва Файзобод аз 16 то 20 сентябр, ноҳияҳои Рашт, Лахш, Сангвор, Тоҷикобод ва Нуробод аз 23 то 28 сентябр гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли чорум аст дар Тоҷикистон таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мешавад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2024 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид