ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Оид ба муҳимияти он ва фаъолияти волонтёрон машварат доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ на танҳо дастрасии осон ба маҷмуи хизматрасонии молиявӣ, балки ба таври назаррас боло бурдани сатҳи амнияти молиявиро ифода менамояд. Чунин таъкид намуд муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷидин Икромӣ дар машварати омӯзишӣ, ки дар мавзуи «Фаъолияти фаҳмондадиҳии муҳтаво ва муҳимияти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва фаъолияти волонтёрон дар бонкҳои давлативу ғайридавлатии ҳудуди шаҳри Душанбе» дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Машварати омӯзишӣ дар доираи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ ва гурӯҳи волонтёрон гузаронида шуд.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷидин Икромӣ гуфт, ки “рушди босуръати технология ва тағйирёбии ниёзҳои замони муосир ҷузъи муҳими ҳаёти имрӯза гардидааст. Аз ҷумла, зиёд шудани истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ имкон медиҳад, ки амалиёти молиявӣ бе истифодаи пули нақд ба таври осон ва сари вақт анҷом дода шавад. Барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошта дар ин самт иштироки фаъоли волонтёрон мувофиқи мақсад буда, қадами муҳим дар роҳи рушди устувори иқтисоди миллӣ арзёбӣ мегардад”.
Инчунин муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода ба аҳамияти пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҷомеа ишора намуда, гуфт, ки “пардохтҳои ғайринақдӣ ба ташаккули иқтисодиёти рақамӣ мусоидат намуда, барои идоракунии самараноки амалиёти молиявӣ шароит фароҳам меоранд”.


Чорабинӣ ба иштирокдорон имкон медиҳад, ки дониши худро доир ба ин мавзуъ амиқтар намуда, маълумоти азхуднамударо дар фаъолияти минбаъда васеъ истифода баранд.
Дра машварат мутахассисони низоми бонкӣ доир ба мавзуъҳои «Рақамикунанонии пардохтҳо: моҳият ва бартарияти он», «Ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ», «Муҳтаво ва муҳимияти ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ» ва «Бонки миллии Тоҷикистон- мақоми ваколатдор дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ» маъруза карданд.
Таъкид шуд, ки фаъолияти тарғиботии волонтёрон дар самти истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ муҳим буда, ба ин васила метавонанд дар рушди ҷомеа, пешбурди пардохтҳои ғайринақдӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ саҳм гузоранд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






