ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Оид ба муҳимияти он ва фаъолияти волонтёрон машварат доир шуд

Сентябрь 27, 2024 10:18

ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ на танҳо дастрасии осон ба маҷмуи хизматрасонии молиявӣ, балки ба таври назаррас боло бурдани сатҳи амнияти  молиявиро ифода менамояд. Чунин таъкид намуд муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷидин Икромӣ дар машварати омӯзишӣ, ки дар мавзуи «Фаъолияти фаҳмондадиҳии муҳтаво ва муҳимияти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва фаъолияти волонтёрон дар бонкҳои давлативу ғайридавлатии ҳудуди шаҳри Душанбе»  дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Машварати омӯзишӣ дар доираи  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023  бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони  ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ ва гурӯҳи волонтёрон гузаронида шуд.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷидин Икромӣ  гуфт, ки “рушди босуръати технология ва тағйирёбии ниёзҳои замони муосир ҷузъи муҳими ҳаёти имрӯза гардидааст. Аз ҷумла, зиёд шудани истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ имкон медиҳад, ки амалиёти молиявӣ бе истифодаи пули нақд ба таври осон ва сари вақт анҷом дода шавад. Барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошта дар ин самт иштироки фаъоли волонтёрон мувофиқи мақсад буда, қадами муҳим дар роҳи рушди устувори иқтисоди миллӣ арзёбӣ мегардад”.

Инчунин муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода ба аҳамияти пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҷомеа ишора намуда, гуфт, ки “пардохтҳои ғайринақдӣ ба ташаккули иқтисодиёти рақамӣ мусоидат намуда, барои идоракунии самараноки амалиёти молиявӣ шароит фароҳам меоранд”.


Чорабинӣ ба иштирокдорон имкон медиҳад, ки дониши худро доир ба ин мавзуъ амиқтар намуда, маълумоти азхуднамударо дар фаъолияти минбаъда васеъ истифода баранд.

Дра машварат мутахассисони низоми бонкӣ доир ба мавзуъҳои «Рақамикунанонии пардохтҳо: моҳият ва бартарияти он», «Ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ», «Муҳтаво ва муҳимияти ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ» ва «Бонки миллии Тоҷикистон- мақоми ваколатдор дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ» маъруза карданд.

Таъкид шуд, ки фаъолияти тарғиботии волонтёрон дар самти истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ муҳим буда, ба ин васила метавонанд дар рушди ҷомеа, пешбурди пардохтҳои ғайринақдӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ саҳм гузоранд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Сентябрь 27, 2024 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд