Корҳои лоиҳакашии бунёди пули бузурги 920-метрӣ аз болои обанбори «Роғун» ба анҷом расида, он дар муддати ду – дуюним сол сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 16.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло яке аз лоиҳаҳои калонтарин барои ноҳияҳои водии Рашт – бунёди роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод татбиқ шуда истодааст, ки шоҳроҳи байналмилалӣ буда, сохтмони он мутобиқ ба талаботи меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ амалӣ мегардад. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ шоми 13 сентябр дар тантанаи идона ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт.
Лоиҳаи мазкур, инчунин, сохтмони пули бузурги 920-метрӣ аз болои обанбори «Роғун» ва роҳҳои ба он васлшавандаро дар бар мегирад, ки то имрӯз корҳои лоиҳакашии он анҷом ёфтаанд. Корҳои ин марҳала охири ҳамин сол оғоз мегарданд ва дар муддати ду – дуюним сол ба анҷом расонида мешаванд.
«Ба истифода додани ин роҳ ҳамлу нақли бемамониати молу маҳсулот ва рафтуомади мусофиронро байни ноҳияҳои водии Рашт ва маркази ҷумҳурӣ дар чор фасли сол таъмин карда, ба рушди истеҳсолот ва хизматрасонӣ, бахусус, сайёҳӣ, афзоиши содироти маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ такони ҷиддӣ мебахшад»,- таъкид намуданд Пешвои миллат.
Сарвари давлат хотирнишон сохтанд, ки лоиҳаи мазкур ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон аҳаммияти бисёр муҳим дорад. Барои амалӣ намудани қитъаи якуми ин лоиҳа қариб 2 миллиард сомонӣ сармояи давлатӣ ҷалб гардидааст. Қитъаи якум бунёди зиёда аз 30 километр роҳ, 5 пули нав ва таҷдиди як пули мавҷуда, сохтмони ду нақб бо дарозии беш аз се километрро дар бар мегирад ва то охири ҳамин сол ба истифода дода мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки маблағи умумии қитъаи дуюми роҳ 1 миллиарду 600 миллион сомониро ташкил карда, дар доираи он бунёди 47 километр роҳ, 6 пули нав, таҷдиди як пули мавҷуда, як пули муваққатӣ, нақби Тагикамар ба дарозии 2,6 километр анҷом дода, ин қитъа низ аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ ифтитоҳ мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд






