МАРКАЗҲОИ ИНКИШОФИ КӮДАК . Нақши онҳо дар тарбия ва камолоти кӯдак чӣ гуна аст?
ДУШАНБЕ, 10.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 ҳазору 381 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 96 ҳазору 546 кӯдак таъсис дода шудаанд, ки нисбат ба соли 2023 270 марказ ва 27 ҳазору 655 кӯдак зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Нақши марказҳои инкишофи кӯдак дар тарбия ва камолоти кӯдак чӣ гуна аст?
Ин марказҳо бо мақсади инкишофи қобилияти зеҳнӣ ва завқи донишандӯзии кӯдакон, дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани онҳо ва баланд бардоштани малакаву маҳорати эҷодии кӯдакону наврасон таъсис дода шудаанд.
Тавре равоншиносон иброз медоранд, масъулияти тарбияи дурусти фарзандон, албатта, бар дӯши падару модар аст. Аммо, дер ё зуд лаҳзае фаро мерасад, ки кӯдак бояд мустақилона ба мактаб ё дигар муассисаҳо равад. Маркази инкишофи кӯдак метавонад кӯдакро барои таҳсил бе волидон омода созад.
Ба андешаи мутахассис, директори Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Назрихуҷа Саидалиев, дар чунин муассисаҳо омӯзгорони касбӣ кор мекунанд, ки онҳо метавонанд раванди таълимро барои ҳар кӯдак шавқовар ва ҷолиб гардонанд. Илова бар ин, омӯзгорон пайваста самтҳо ва барномаҳои нави рушди кӯдаконро назорат мекунанд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки танҳо маслиҳатҳои амалӣ ва муассирро истифода баранд.
Дар Тоҷикистон ба рушди барвақтии кӯдак диққат дода мешавад
Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» амалӣ мешавад, ки яке аз бандҳои он ташкил ва таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак мебошад. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ ва бисёрсолаи равоншиносӣ исбот сохтааст, ки кӯдакони дар боғча ва маркази инкишофи кӯдак тарбияёфта аз кӯдакони дар хона тарбиягирифта ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар онҳо маҳорату малакаи суханронӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон, фаъолияти хоси фикрӣ, ахлоқӣ ва зебоипарастӣ баръало эҳсос мегардад. Ин ҳама беҳбудӣ меҳнати омӯзгорони зинаи аввали таълимро осон ва сифати таълиму тарбияро баланд мебардорад.
Марказҳои инкишофи кӯдак имкон медиҳанд, ки кӯдакон мантиқӣ фикр кунанд
Новобаста аз он ки дар байни волидайн дар бораи чунин марказҳо чӣ гуна андешаҳо вуҷуд доранд, равоншиносон ва омӯзгорон якдилона бар ин назар мебошанд, ки дарсҳои ин марказҳо воқеан ба кӯдакон кумак мекунанд, то ба таври мантиқӣ фикр кунанд, ба ҷаҳон ва ҷомеа зуд мутобиқ шаванд, ҷаҳонро кашф кунанд ва бисёр чизҳои навро омӯзанд.
Бояд таъкид намуд, ки масъалаи таълиму тарбия ҳамеша таҳти назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат 1 сентябри имсол зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бори дигар ба устодону омӯзгорон ва падару модарон муроҷиат намуданд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас, яъне фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд, барои онҳо шароити беҳтарин муҳайё кунанд, то онҳо бесавод намонанд, хонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд, дар оянда муҳтоҷи дигарон нагарданд ва Тоҷикистони азизро соҳибӣ карда, онро ободу пешрафта гардонанд.
Омӯзиши барвақтии кӯдак ба гирифтани таҳсили минбаъда дар мактаб заминаи асосӣ мегузорад. Он алоқамандии байни оила ва мактабро таъмин намуда, дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир хуб мешуд волидон бештар кӯдаконро ба ин марказҳо ҷалб намуда, завқи хонданро дар дили онҳо бедор намоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






