Нақши тоҷикон дар ташаккул ва рушди Роҳи бузурги Абрешим дар Душанбе баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи бузурги Абрешим роҳи ҳамгироӣ, мубодила ва муколамаи Шарқу Ғарб маҳсуб шуда, беш аз ду ҳазор сол дар пешрафт ва шукуфоии тамаддуни башарӣ саҳми арзанда гузоштааст. Чунин гуфта шуд дар конфронси илмӣ-назариявӣ, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши тоҷикон дар ташаккул ва рушди Роҳи бузурги Абрешим» баргузор гардид.
Ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки конфронс ба воридшавии ёдгориҳои фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии Роҳҳои Абрешим ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО бахшида шуда, дар он директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, акдемики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфшоҳ Яъқубов, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ сухан намуданд.
Тавассути Роҳи бузурги Абрешим, ки роҳи корвонгузар буд ва аз Чин ба воситаи Осиёи Миёна то ба Рум тӯл мекашид, тиҷорат ва робитаҳои мутақобили фарҳангӣ амалӣ мешуд. Ин аст, ки аҷдодони тоҷикон давоми чандин асрҳо пуштибонони асосии ин роҳ маҳсуб мешуданд.
Дар конфронс олимону донишмандон дар мавзуъҳои «Асосгузорони Роҳи бузурги Абрешим», «Муҳоҷирати тахориҳо дар Роҳи Абрешим», «Дипломатияи абрешимӣ чун асоси ташаккул ва фаъолияти Роҳи бузурги Абрешим», «Қалъаҳои Помир ва пайванди онҳо бо Роҳи Абрешим» ва «Мақоми роҳҳои тиҷоратӣ дар замони Ҳахоманишиҳо» маърузаи илмӣ карданд.
Дар анҷоми конфронс иштирокдорон доир ба мавзуи «Нақши тоҷикон дар ташаккул ва рушди Роҳи бузурги Абрешим» табодули назар намуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард






