Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи 45-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 10.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар қароргоҳи Ташкилоти патентии Авруосиё (ТПАО) дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи 45-уми навбатии Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё баргузор гардид, ки дар кори он муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода ва директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода иштирок намуданд.
Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласаи шуро масъалаҳои ташкилот, аз ҷумла баррасии лоиҳаи буҷети Ташкилоти патентии Авруосиё барои соли 2025, ворид намудани тағйирот ба Низомнома дар бораи боҷҳои Ташкилоти патентии Авруосиё барои амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим, ворид намудани тағйирот ба Дастурамали патентӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиё (КПАО) ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд.
Дар доираи Шурои маъмурӣ маросими ҷашни 30-солагии баимзорасонии Ташкилоти патентии Авруосиё баргузор гардид, ки Ашурбой Солеҳзода бахшида ба рӯзи таърихии ин ташкилот сухан намуд.
Ҳамзамон дар ҷаласа директори муассиса Мирзо Исмоилзода ба намояндагони Тоҷикистон, ки дар Идораи патентии Авруосиё фаъолият менамоянд, нишонҳои Муассисаи давлати Маркази миллии патенту иттилоотро тақдим намуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон