Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 38-уми байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир дар Афина иштирок дорад

Сентябрь 24, 2024 16:46

ДУШАНБЕ, 24.09.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад дар Конфроси 38-уми байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир (IDEС XXXVIII), ки имрӯз дар шаҳри Афинаи Юнон оғоз гардид, иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳошияи конфронс директори Агентӣ бо роҳбари Барномаи шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Меган Отэс ва мушовири Бюрои он Кевин Скали вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи самтҳои фаъолияти Агентӣ ва вазъи маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамкории судманди дуҷониба дар самти мубориза ва назорати моддаҳои синтетикӣ ибрози назар намуданд.

Конфронс то 26 сентябр идома ёфта, дар он намояндагони зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва созмону ташкилоти бонуфузи байналмилалию минтақавӣ иштирок доранд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 24, 2024 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд