Ниммарафони байналмилалии «Ҳафткӯл-2024» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 07.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 сентябр дар мавзеи Ҳафткӯл, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон дар масофаҳои 3, 10 ва 21 км Ниммарафони байналмилалии «Ҳафткул-2024» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи Ниммарафони байналмилалии варзишиву солимгардонӣ таъкид шуд, ки мусобиқа дӯстдорони варзиши экологиву сайёҳии «трейлраннинг» (пиёдагардӣ дар масири кӯҳистон)-ро аз чандин кишварҳои ҷаҳон дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент ба ҳам овард.
Иброз гардид, ки ташкили чунин мусобиқаи сатҳи баланд дар устуворгардонии риштаи дӯстӣ байни иштирокчиён ва барқарории саломатӣ нақш гузошта, ҳар иштирокчии ин намуди варзиши экологиву сайёҳӣ қадам ба қадам аз он таассуроти бою рангин мебардорад ва руҳану ҷисман ба табиат наздик мешавад.
Бояд гуфт, ки «трейлраннинг» яке аз намудҳои варзиши босуръат рушдёбанда ба ҳисоб меравад, ки бештар варзишгаронро аз тамоми ҷаҳон ҷалб мекунад. Ин танҳо давидан нест, балки озмоиши ҳақиқии устуворӣ аст, ки ҳар қадам шуморо ба ҳамоҳангӣ бо табиат наздиктар мекунад.
Бо иштирок дар Ниммарафони байналмилалии «Ҳафткӯл-2024» иштирокчиён на танҳо қувва меозмоянд, балки дар ҳифзи муҳити зист саҳм гузошта, аз табиати нотакрор ҳаловат мебаранд.
Яке аз ҳадафҳои асосии Ниммарафони байналмилалии «Ҳафткӯл-2024» баланд бардоштани маърифати экологӣ, оммавӣ гардонидани давидан ва рушди соҳаи варзиш, рушди сайёҳии варзишӣ, муттаҳидсозии ҷавонон тавассути варзиш, омода намудани давандагон ва варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон













Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд






