НОБУДСОЗӢ Ё УТИЛИЗАТСИЯИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ. Он чӣ гуна анҷом дода мешавад ва чӣ қадар арзиш дорад?

Сентябрь 4, 2024 14:37

ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи декабри соли 2023 Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он соҳибони ҳамаи намудҳои воситаҳои нақлиёт муваззаф гаштаанд ба давлат ҳаққи якдафъаинаро барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и ин мошинҳо пардохт кунанд. Нобудсозӣ ё утилизатсияи воситаҳои нақлиёт чист, он чӣ гуна анҷом дода мешавад ва чӣ қадар арзиш дорад? АМИТ «Ховар» бо ин суол ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд.

Утилизатсия ё нобудсозӣ чист?

Тавре масъулини Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, автомобилҳо низ ба монанди бисёр чизҳои дигар тадриҷан фарсуда шуда, барои истифода корношоям мегарданд. Чунин мошинҳо ё барои ба қисмҳои эҳтиётӣ ҷудо кардан ба фурӯш мераванд ё утилизатсия мегарданд, яъне нобуд сохта мешаванд. Аксаран автомобилҳое, ки бар асари садамаҳои нақлиётӣ сахт осеб дидаанд, аз байн бурда мешаванд. Ҳамонҳое, ки барқарор карданашон ғайри имкон аст ва нигоҳ доштанашон дигар маъно надорад. Беҳуда нигоҳ доштани мошини аз кор баромадаи нолозим дар рӯи ҳавлӣ роҳи ҳалли мушкилот нест. Ҳамсояҳо метавонанд аз мошини куҳнаю хароби партофташуда шикоят кунанд. Агар омада, мошинро тахлия, яъне эвакуатсия кунанд, соҳиби он бояд барои хизматрасонии эвакуатор ва таваққуфгоҳи махсус пул пардохт намояд. Ба ҷуз ин, агар воситаи нақлиёт аз қайди давлатӣ бароварда нашавад, соҳиби он бояд андоз супорад. Ба ибораи дигар, утилизатсия — ин нобудсозии бехатари мошини кӯҳна ва расман аз «дарди сар халос кардан»-и соҳиби он мебошад.

Мувофиқи луғатномаҳои энсиклопедӣ, утилизатсия (аз калимаи лотинии utilis) маънии «истифодаи самаранок»-ро дорад. Масалан, утилизатсияи партовҳо.

Дар бисёр кишварҳои Аврупо ва манотиқи дигар ҷамъоварӣ, ба қисмҳо ҷудо кардан ва коркарди партовҳо амалӣ карда мешавад. Қисме аз партовҳои ҷамъшударо ба таври бехатар нобуд месозанд, қисми дигарро ба энергия табдил медиҳанд ва қисми сеюмро утилизатсия мекунанд, яъне аз нав коркард намуда, ба давраи истеҳсолӣ бармегардонанд.

Дар Тоҷикистон низ якчанд марказҳои қабули партовҳо мавҷуданд, ки қоғазпора, оҳанпора, шишаҳои пластикӣ, чархҳои кӯҳнаи автомобил ва ғайра қабул мекунанд.

Дар баробари ин марказҳое низ ҳастанд, ки метавон ба онҳо мошинҳои кӯҳнаро барои утилизатсия ё нобуд кардан ба ивази маблағи муайян супорид. Маълумотро дар бораи чунин марказҳо дар сайтҳои расмии мақомоти давлатӣ дастрас кардан мумкин аст. Фақат донистан шарт аст, ки ин нуқтаҳо бояд махсусгардонидашуда бошанд, иҷозатнома (литсензия)-и дахлдор дошта бошанд ва нобудсозии бехатари мошинро кафолат диҳанд, вагарна соҳибони мошинҳо метавонанд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар марказҳои махсусгардонидашуда мошини кӯҳнаро ба ҷузъҳо ҷудо мекунанд, оҳанпораҳоро гудохта, барои истеҳсоли мошину таҷҳизоти нав истифода мебаранд.

Қоидаҳои нави нобудсозии воситаҳои нақлиёт

Андози утилизатсия аз ҷониби мақомоти БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба қайд гирифтани мошин дар феҳристи давлатӣ пас аз барасмиятдарории гумрукии он, инчунин ҳангоми гузаронидани муоинаи ҳатмии техникӣ ситонида мешавад. Ин андоз барои ҳар як воситаи нақлиёт як маротиба пардохт мегардад. Пас аз ин, ба соҳиби воситаи нақлиёт талони махсус медиҳанд , ки то давраи нобудсозӣ ё утилизатсияи мошин амал мекунад.

Агар мошин аллакай аз соҳиби қаблӣ чунин талон дошта бошад, пас барои утилизатсия дубора пардохт кардан лозим нест.

Ҳамаи мошинҳо, нақлиёти мотосиклӣ, боркашонӣ, автобусҳо ва миниавтобусҳо, ки аз расмиёти бақайдгирӣ, муоинаи ҳатмии техникӣ ё санҷши гумрукӣ мегузаранд, бояд барои утилизатсия андоз супоранд.

Намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо шарти аз қаламрави ҷумҳурӣ баровардани воситаҳои нақлиёти худ аз пардохти андоз барои утилизатсия озод карда шуданд.

Андозаи пардохти ҳатмӣ барои утилизатсия ё барҳамдиҳии воситаи нақлиёт низ муайян карда шудааст. Ҳаҷми маблағ аз навъи мошин вобаста буда, аз 360 то 2,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағи пардохти ҳатмӣ барои соҳибони мотосикл 360 сомонӣ ё 5 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркунӣ, барои мошинҳо ва дигар воситаҳои нақлиёте, ки зиёда аз 10 нафарро интиқол медиҳанд, – 1584 сомонӣ ё 22 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркунӣ, барои мошинҳои боркаш ва борбардор – 2880 сомонӣ ё 40 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркуниҳо муқаррар шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз оғози соли 2024 як нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркуниҳо дар Тоҷикистон 72 сомониро ташкил медиҳад.

Нобудсозии мошинҳо – раванди қонунӣ

Ҳамин тавр, утилизатсия (барҳамдиҳӣ ё нобудкунӣ)-и мошин – ин тартибест, ки қонунгузории мамлакат, аз ҷумла моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини бехатарии экологии нақлиёти автомобилӣ» аз 8 августи соли 2015 таҳти унвони «Таъмини аз ҷиҳати экологӣ бехатари нобудсозии нақлиёти автомобилии фарсудашуда, чархҳои автомобилӣ, аккумуляторҳо ва рағанҳои молидании корбурдшуда» пешбинӣ кардааст.

Дар моддаи-и 121 Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1689 аз 2 апрели соли 2020 чунин омадааст:

«1. Нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ тибқи талаботи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба нобудсозӣ дар ҷойҳои махсусе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд, амалӣ карда мешавад.

2. Нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилиро шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ — соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродие, ки воситаҳои нақлиёти автомобилиро дар асоси шартномаи иҷора ё дигар асоси қонунӣ ихтиёрдорӣ намуда, воситаҳои нақлиёти автомобилиро ҳангоми амалисозии фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ истифода мебаранд, пас аз ба итмом расонидани расмиёти аз қайди давлатӣ баровардани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳаракат дар роҳ амалӣ менамоянд».

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2024 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба амнияти озуқаворӣ дар Тошканд иштирок менамояд
Дар Душанбе Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Тотористон баргузор гардид
АҲАМИЯТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАВҚЕИ ОМӮЗГОР ДАР МАМЛАКАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Имрӯз зани тоҷик вазир, сафир ва хеле кабир аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии фармасевтӣ ва тандурустии «IPHEX-2024» иштирок намуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ГАРДИШИ САРНАВИШТСОЗ. Андешаҳо дар мавриди рушди босуботи давлатдории миллӣ
МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР КИТОБ АСТ. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мегардад
Дар Душанбе масоили ҷалби сармояи ширкати ҳиндустонии «WAPCOS Limited» ба соҳаи гидроэнергетика баррасӣ шуд
Дар Душанбе вобаста ба нақши саноати инноватсионӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Душанбе лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи тоҷик дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
БАРОИ ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИ МАМЛАКАТИ КӮҲСОР — ТОҶИКИСТОН РУШДИ АВИАТСИЯ МУҲИМ АСТ. Дар ин маврид бо суръати баланд кашонидани бору расонидани мусофир таъмин мегардад