Ғолибони мусобиқаҳои варзишии ҷузъу томҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Олимп» ба ғолибони спартакиадаи варзишӣ байни ҷузъу томҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷоиза супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин раёсат хабар доданд.
Мусобиқаҳои варзишӣ ба таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуданд. Ин мусобиқаҳо таҳти шиори «Варзиш- гарави саломатӣ» давоми як моҳ байни кормандони милитсияи пойтахт баргузор гардида, беҳтаринҳо аз намудҳои гуногуни варзиш муайян карда шуданд.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Шоҳрух Саидзода ба ғолибон Ҷом, медалу Ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид






