Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти ҶДММ Корхонаи инноватсионии «Само» оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти ҶДММ Корхонаи инноватсионии «Само» оғоз бахшиданд.
Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни барқӣ буда, дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуманон Тошхӯҷаев бунёд карда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо раванди фаъолият ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхона дастгоҳу технологияи муосир, ки тавлиди кишварҳои рушдёфта мебошанд, насб карда шудааст.
Дар ин иншооти нави саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд, ки маоши онҳо аз 2 то 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар корхона наздик ба 60 номгӯи таҷҳизоти барқӣ, аз ҷумла лампаҳои каммасрафи диодӣ, прожекторҳои диодӣ, сутунпояҳо, таҷҳизоти таъминкунандаи қувваи муайяни барқ, камераҳо назоратӣ, радио бо дизайни миллӣ ва дигар намуди маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 10 ҳазор дона таҷҳизоти гуногуни барқӣ буда, раванди фаъолият бо риоя аз талаботи стандартҳои байналмилалӣ сурат мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро дар амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии давлат-саноатикунонии босуръати кишвар намунаи ибрат гуфтанд ва масъулинро барои васеъ намудани доираи фаъолият, таъмини сифати хуби истеҳсолот ва ба ин васила коҳиш додани ҳаҷми воридоти таҷҳизоти барқӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар саҳни иншоот намунаи маҳсулоти корхона ба намоиш гузошта шуд. Солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ба рушди саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, корхонаҳои саноатии зиёде мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.









Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон






