Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом Муассисаи таҳсилоти томактабии №1-ро мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 10, 2024 09:44

ДУШАНБЕ, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябр дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом Муассисаи таҳсилоти томактабии №1 ба номи “Нури Робия”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст, сарпарасти Фонди хайриявии “Музаффар” Даврон Ҷураев аз нав бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Кӯдакистон ҳанӯз соли 1936 сохта шуда, соли 1999 бинобар садамавӣ шуданаш вайрон карда шуда буд.

Боғчаи нави бачагона дар доираи вусъати корҳои бунёдкориву созандагӣ дар масоҳати 1500 метри мураббаъ бо харҷи 6 миллион сомонӣ мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ аз нав сохта ва ҷиҳозонида шуд. Ин боғча барои фарогирӣ ба таълиму тарбияи 180 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Бинои кудакистон аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он корҳои сохтмонӣ ҳануз аз соли 2023 оғоз гардид ва имрӯз бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Дар рафти сохтмонназдики 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар саҳни кӯдакистони “Нури Робия” ду айвончаи рангин ва як саҳнаи калон мавҷуд аст, ки барои солимии кӯдакон ва гузаронидани машғулиятҳо мусоид мебошад. Инчунин барои бозӣ ва дилхушии дӯстрӯякон таҷҳизоти наву замонавӣ насб гардидааст. Айни замон 6 омӯзгор ва 6 мураббияи ботаҷриба барои таълиму тарбияи кӯдакон ба кор ҷалб шуда,12 нафари дигар ба ҳайси мушовири методӣ, ошпаз, табиб ва ғайра фаъолият мебаранд.

Мавҷудияти толори алоҳида барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ, толори варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ, ошхонаи замонавӣ, анбор барои нигаҳдории маҳсулот ва ҳуҷраи тиббӣ аз шароити дигари зарурӣ дар кӯдакистон мебошад. Боғча ҳамчунин дорои шабакаи мустақили гармидиҳӣ аст.

Хотиррасон бояд намуд, ки имрӯз дар шаҳри Конибодом 20 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 1020 кӯдак дар асоси барномаҳои давлатии таълимӣ ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар бинои кӯдакистон ба соҳибкори ватанӣ барои ҳамдилию ҳамовозӣ бо сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба масъулон барои истифодаи босамар аз имконоти фароҳамшуда, баҳри таълиму тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Ифтитоҳи бинои кӯдакистони №1 баъди навсозӣ дар шаҳри Конибодом 10.09.2024

Сентябрь 10, 2024 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд