ПОЯНДА БОД ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ! Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Поянда бод Истиқлоли миллат!» ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Даврон Сафарзода ҳозиринро бо Истиқлоли давлатии мамлакат табрик намуда, иброз дошт, ки Истиқлоли давлатӣ неъмати бузурге аст, ки бо пайки хеш нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба Тоҷикистон овард. Истиқлол мояи ифтихори ҳар шаҳрванд буда, такондиҳандаи ғурури миллӣ, заминасози рушду такомул ва пойдевори мустаҳками ваҳдату якпорчагӣ аст.
Дар 33 соли соҳибистиқлолӣ миллати мо дар саросари ҷаҳон соҳиби обрӯву манзалати хосса гардида, бо азму иродаи қавӣ тавассути созандагиву бунёдкории бомаром ба фардои дурахшон қадамҳои устувор гузошт ва беш аз пеш ба дастовардҳои шоён ноил гардид.
Хатарҳои замони муосир аз мо талаб менамоянд, ки дар баробари ҳамаи дигаргуниҳо ва тазодҳои раванди ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол талош намоем. Вазифаи мо, насли имрӯз аз он иборат аст, ки истиқлолу озодӣ ва сулҳу ваҳдати мамлакатро ба наслҳои оянда бегазанд расонем.
Даврон Сафарзода аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ёдоварӣ намуда, гуфт, ки ин муваффақияту дастовардҳо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ба даст омадаанд. Давоми ин солҳо саноату кишоварзӣ, иқтисоду фарҳанг ва илму маорифи ҷумҳурӣ ба таҳаввулоти куллӣ рӯ ба рӯ гардида, Тоҷикистон ба мамлакати пешсафи саноативу иқтисодии минтақа табдил ёфт.
Дар ҳамоиш ба як зумра кормандону донишҷӯён барои натиҷаҳои назаррас дар таълиму тарбия ва фаъолияти ҷамъиятӣ Сипосномаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Инчунин роҳбарият донишҷӯи муассиса, Чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ Масъуди Аҳмадзодро дар фазои тантанавӣ бо ин дастоварди бузург табрик намуда, ҳамчун нишони қадршиносӣ ӯро бо Сипосномаи Академия ва маблағи пулӣ қадрдонӣ намуд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид






