Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод марҳилаи дуюми Боғи фарҳангию фароғатиро ифтитоҳ ва ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод марҳилаи дуюми Боғи фарҳангию фароғатиро мавриди истифода қарор доданд.
Боғи мазкур дар масоҳати умумии 12,6 гектар аз ҷониби Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и “Роғун” бо тарҳи муосир бунёд шуда, яке аз маконҳои асосии сайру гашти сокинону меҳмонони ноҳия ва минтақа ба ҳисоб меравад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар Боғи фарҳангию фароғатӣ аз моҳи апрели соли 2022 оғоз ёфта, дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд ба анҷом расид. Ҳангоми бунёди иншоот беш аз 50 нафар сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ ва мавсимӣ ҷалб гардиданд.
Маблағи харҷшуда дар марҳилаи дуюми бунёди боғи фарҳангию фароғатии шаҳраки Дарбанд 32 млн. 190 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи дуюми иншооти фарҳангӣ, ки ба ҳусни ноҳия зебоии дигар зам кардааст, иловатан 15 нафар бо кор таъмин гардид.
Дар ҳудуди боғи нав амфитеатр бо 250 ҷойи нишаст, чойхона барои 40 ҷой, қаҳвахона, 5 атраксион барои дилхушии кӯдакон, 8 айвончаи сояафкан, ду майдончаи хурди варзишӣ барои бозиҳои футбол ва тенис, ду майдончаи бозии наврасон, ҳайкалчаҳои ҳайвонот, суҳбаткадаҳо сохта шудааст.
Бо мақсади зебову назаррабо гардондани боғи фарҳангию фароғатӣ даромадгоҳ ва роҳравҳои он сафолакпӯш гардида, дар боғ гулҳои рангоранги садбарг, мавсимӣ ва дарахтони нодири ороишию ҳамешасабз шинонида шудааст.
Мувофиқи нақшаи асосӣ дар ҳудуди боғ фаввора ва дигар таҷҳизоти дилхушӣ насб гардидааст, ки сокинону меҳмонони ноҳияи Нуробод дар ин макон метавонанд ба таври шабонарӯзӣ истироҳату фароғат намоянд.
Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани ин макони дилфиреби фароғатӣ ба масъулон супоришҳои судманд доданд.
Пас аз ифтитоҳи марҳилаи дуюми боғи фарҳангию фароғатии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 34 нафар ятим мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд. Туҳфаҳои Президенти кишвар аз бастаи китобҳои дарсию бадеӣ, аёниятҳои хониш, либос ва кумаки пулӣ иборат буд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо ятимон таъкид намуданд, ки ҳар як нафари онҳо таҳти ғамхории бевоситаи давлат қарор доранд ва барои тарбияву ба камол расиданашон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.
Аз ҷавонону наврасон танҳо хониши аъло, муҳаббат ба Ватан, гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ ва дар заминаи дониши баланд ба роҳ мондани зиндагии шоистаро талаб карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон зимни суҳбати самимӣ онҳоро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, илму донишҳои замонавӣ, интихоби дурусти касб ва дар оянда ба нафъи давлату миллат хизмат намудан ҳидоят карданд.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд






