Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғат»-ро ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 10, 2024 09:43

ДУШАНБЕ, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом коргоҳи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фароғат”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коргоҳ дар масоҳати 230 метри мураббаъ бо саҳми соҳибкор Рустамзода Фирдавс бунёд шуда, баъди ифтитоҳ 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Коргарон нозукиҳои кор дар дастгоҳҳои истеҳсолиро омӯхта мустақилона ба тавлиди пояфзолҳои хушсифат машғул мебошанд. Оянда бо ба роҳ мондани истеҳсолот дар ду баст шумораи коргарон то ба 45 нафар расонида хоҳад шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар коргоҳ, ба сифати маҳсулот баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани корхонаи пойафзолбарориро дар шаҳри Конибодом заминаи хуби татбиқи ҳадафҳои панҷсолаи рушди соҳаи саноат арзёбӣ карданд.

Дар коргоҳ 12 дастгоҳи пойафзолдӯзию гулпартоӣ ва дигар таҷҳизоти лозима дастрас ва насб гардидааст. Иқтидори солонаи коргоҳ дар як сол 50 ҳазор ҷуфт пойафзол пешбинӣ шудааст.

Пойафзоли мардона ва бачагона барои хонандагон, номгӯи молҳои дар коргоҳ истеҳсолшавандаро ташкил медиҳад ва маҳсулоти он ивазкунандаи воридот мебошад. Дар корхона ба сифати коркарди ашёи хом таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Маҳсулоти тайёр ба бозори дохилӣ рақобатпазир буда, барои таъмини эҳтиёҷоти мардум ба фуруш бароварда мешавад.

Сарвари давлат дастур доданд, ки ба сифати истеҳсолот таваҷҷуҳи амиқ зоҳир гашта, бо зиёд намудани ҳаҷми он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ивазкунандаи воридот саҳми муносиби худро гузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки барои таъмин намудани бозори дохилӣ бо пойафзоли чармӣ дар кишвар шароиту имконияти мусоид мавҷуд буда, соҳибкорону сармоягузорон бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати кишвар коргоҳу корхонаҳои нав таъсис медиҳанд. Анҷоми ин тадбир имкон медиҳад, ки воридоти пойафзол аз хориҷи кишвар коҳиш ёбад.

Баъди ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фароғат” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди истироҳатгоҳи маърифатии физикӣ-математикии назди Муассисаи таълимии махсуси ба номи Очилбой Ҷӯраев, ки дар партави эълони солҳои 2020-2040, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф бунёд мешавад, шинос шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои дар сатҳи баланду муосир бунёд намудани истироҳатгоҳи мазкур дастуру ҳидоятҳо доданд.

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ “Фароғат” дар шаҳри Конибодом 10.09.2024

Сентябрь 10, 2024 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд