Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар вилояти Суғд 72 баробар зиёд шудааст»

Сентябрь 10, 2024 11:41

 ДУШАНБЕ, 10.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар замони соҳибистиқлолӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят мунтазам таъмин гардида, соли 2023 ба беш аз 35 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2000-ум 72 баробар зиёд мебошад. Чунин баён доштанд зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Таъкид намуданд, ки танҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 15 баробар афзоиш ёфтааст. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст.

«Тибқи нақша, соли 2024 ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи саноатӣ пешбинӣ гардида, дар 7 моҳи соли 2024  106 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият оғоз намуд»,- изҳор доштанд Пешвои миллат.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ кишоварзони вилояти Суғд дар таъмин намудани бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Соли 2023 ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба 19 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат бо соли 1991   7,3 баробар зиёд мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 10, 2024 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб марказҳои обтаъминкунӣ ва корезро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб 10 иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и шаҳри Кӯлобро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлобро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
Дар шаҳри Панҷакент сохтмони иншооти иҷтимоӣ вусъат меёбад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд