Президенти Тоҷикистон: «Дар 15 соли охир барои сокинони эҳтиёҷманди ноҳияи Лахш 172 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст»

Сентябрь 12, 2024 14:47

ДУШАНБЕ, 12.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Лахш иброз доштанд, ки «дар 15 соли охир бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагӣ барои сокинони эҳтиёҷманди ноҳия 172 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст».

Сарвари давлат баён доштанд, ки бо мақсади боз ҳам бештар ба шуғл фаро гирифтани сокинон, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ солҳои 1995 – 1997 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ташкили хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ барои сокинони ноҳияи Лахш 1450 гектар замини корам ҷудо гардид.

Аз 114 лоиҳаи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2021 – 2025, ки барои беҳсозии шароити инфрасохтори ноҳия, бунёди иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойи нави кор пешбинӣ шудаанд, танҳо 66 лоиҳа ба маблағи 48 миллион сомонӣ ё 30 фоиз амалӣ гардидааст.

Таъкид гардид, ки  кор дар самти ҷалби бештари сармоя тақвият бахшида, доир ба татбиқи барномаи гуфташуда ва лоиҳаҳои нақшавӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 12, 2024 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд