САЛОМ, МАКТАБ! Имрӯз дар Тоҷикистон соли нави хониш бо Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ оғоз ёфт

Сентябрь 1, 2024 09:49

ДУШАНБЕ, 01.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз чун анъана дар тамоми мактабҳои Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ ва ҷамъомади идона соли нави таҳсил оғоз гардида, хонандагон бо руҳияи болида дар муассисаҳои таълимӣ ба илму донишандӯзӣ шуруъ намуданд. Соли нави хониш чун анъанаи солҳои пеш   бо Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ оғоз гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин лаҳзаҳо дар Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе қарор дорад ва ба шодиву хурсандии хонандагону омӯзгорони ин мактаб шарик аст.

Соли нави таҳсил дар ин муассиса бо ҷамъомади тантанавӣ оғоз гардид. Баъдан хонандагон ба синфҳо даромада, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳро бо тамошои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шуруъ намуданд.

Дар ин лаҳзаҳо шодии дустрӯяконе, ки нахустин маротиба  ба ин боргоҳи илму маърифат қадам мениҳанд, ҳадду канор надорад. Зеро онҳо дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ барои ояндаи дурахшони худ ва Ватани азиз таҳсилро шуруъ намуданд.

Тавре муовини директори Гимназияи 4 Гулрухсор Ғолибова дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар соли нави таҳсил муассиса дари худро ба рӯи 2167 нафар хонанда, аз ҷумла 890 духтар  боз намудааст, ки аз ин теъдод 212 нафарро хонандагони синфи якум ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи муовини директори Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе, дар муассиса 92 нафар омӯзгорони ботаҷриба таълим медиҳанд, ки аз ин шумора 68 нафарашон занон мебошанд. «Омӯзгорони муассиса ба соли таҳсили нав омодагии хуб дида, бо руҳияи тозаву масъулияти баланд хонандагонро пурра ба таълиму тарбия фаро мегиранд. Зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ бе донистани илми муосир ягон давлат тараққӣ карда  наметавонад. Ҳамин аст, ки ба омӯзгорон пайваста таъкид менамоем, ки роҳу воситаҳои муосири таълимро омӯхта, ба хонандагон бо воситаҳои техникӣ кор баранд», -иброз дошт ӯ.

Бояд таъкид намуд, ки имрӯз зимнии суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ин нуктаро таъкид намуда, ба масъулин супориш доданд, ки ба ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорои қобилияти баланди омӯзгорӣ аҳаммияти ҷиддӣ дода, мушкилоти норасоии омӯзгорон ва ғайритахассус кор кардани онҳоро дар самти технологияҳои иттилоотӣ дар муддати ду сол бартараф созанд.

Инчунин Пешвои миллат ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии равияи омӯзгорӣ супориш додаанд, ки ҷиҳати тарбияи омӯзгорони ба талаботи замона ҷавобгӯй тамоми шароити заруриро фароҳам оваранд.

Зеро ба таъкиди Сарвари давлат барои расидан ба ҳадафи беҳтар намудани сифати таҳсилот, дар навбати аввал, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи меъёрӣ, инчунин, таъминот бо имкониятҳои таълимиву методӣ, аз ҷумла таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва мунтазам гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ зарур аст.

Ёдовар мешавем, ки ин муассисаро 1 сентябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода буданд.

Муассисаи боҳашамати таълимӣ аз 9 бинои панҷ ва чорошёна иборат буда, ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ёфтааст ва барои 2500 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Гимназия дорои 109 синфхонаи замонавӣ буда, дар он барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон шароити заруриву мутобиқ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, барои омӯхтани фанҳои дақиқ таълимгоҳ дорои лабораторияҳои замонавии фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, физика ва табиатшиносӣ буда, барои гузаронидани таҷрибаҳои гуногун дар синфҳо аёнияти зарурӣ васлу насб гардидааст.

Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии таълимӣ ба роҳ монда шуда, барои тарбияи дурусти хонандагон аз усулҳои муосиру аёнияти замонавӣ ба таври васеъ истифода мешавад. Аз ҷумла, тамоми синфхонаҳои таълимӣ бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Бояд гуфт, ки омӯзгорону хонандагон барои кору таҳсил ба ин гимназия танҳо дар асоси озмун қабул карда мешаванд.

Дар муассисаи таълимии нав таваҷҷуҳи хосса ба масъалаи забономӯзӣ зоҳир гардида, синфхонаҳои алоҳидаи омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва чинӣ ташкил гардидаанд. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо усули лингафонӣ амалӣ шуда, дар тамоми синфхонаҳое, ки барои забономӯзӣ пешбинӣ гардидаанд, дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр дар ҳамаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чун Рӯзи дониш таҷлил гардида, дар Тоҷикистон соли нави хониш дар ин рӯз бо Дарси сулҳ оғоз мегардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2024 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба соҳаи маорифи вилояти Суғд Сертификат дар ҳаҷми 3,3 миллион сомонӣ тақдим карда шуд
Дар Сингапур ҳамоиши байналмилалӣ оид ба соҳаи маориф баргузор шуд
Ба тамоми шуъбаҳои маорифи Тоҷикистон беш аз 9 миллион китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ дастрас карда мешавад
НАВГОНӢ ДАР СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Тоҷикистон ба дониш ва малакаи хонандагон дар сатҳи 10 хол баҳо гузошта мешавад
Форуми дуюми Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Хонандагони синфи якуми шаҳри Бӯстон ба ҷараёни таълим шинос карда мешаванд
Дар Душанбе оид ба рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамоиш доир гардид
Тавассути Маркази барномаҳои байналмилалӣ беш аз 117 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа таҳсил намудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар шаҳри Ҳисор се мактаби нав ба истифода дода мешавад
Дар Душанбе оид ба тарбияи насли наврас ҳамоиш доир гардид
Ҳайати Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ташриф оварданд
Ба соҳаи маорифи вилояти Хатлон Сертификат дар ҳаҷми беш аз даҳ миллион сомонӣ тақдим карда шуд