Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз боғҳои интенсивии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ховалинг» боздид намуданд

Сентябрь 6, 2024 12:19

ДУШАНБЕ, 06.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғҳои себ ва хучи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби Ховалинг” боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ширкат дар ихтиёри худ 16 гектар боғ ва дигар заминҳои кишоварзӣ дорад. Дар заминҳои хоҷагӣ имконияти зиёд кардани боғҳои ангур ва хуч мавҷуд аст.

Коргарон дар заминҳои боғҳои интенсивӣ ва бобоӣ ба парвариши дарахтони себ, гелос, чормағз, нок ва хуч машғуланд.

Дар боғҳои ширкат 10 нафар коргар ба таври доимӣ ва дар мавсими ҷамъоварии ҳосил иловатан 30 нафар ба кор ҷалб мешаванд.

Аз ҳосили себу хуч дар корхонаи “Оби Ховалинг” афшура низ тайёр карда мешавад.

Зимни шиносоӣ бо вазъи боғҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои васеъ кардани майдони боғҳои интенсивӣ, бо ин роҳ афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли мева ва таъмини бозорҳои дохилӣ ва рушди содироти маҳсулот дастуру ҳидоятҳо доданд.

Сентябрь 6, 2024 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд