Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба ятимони кулл туҳфаҳо тақдим намуданд

Сентябрь 9, 2024 13:21

ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази савдо ва хизматрасонии “Истиқлол Авеню” бо ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.

Зимни суҳбати самимӣ бо ятимон, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъ омада буданд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории пайваста ба ятимону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ин табақаҳои аҳолӣ мавқеи меҳварӣ дорад.

Ба ятимон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн маҳрум мондаанд, дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои молию пулӣ, либоси мактабӣ, пойафзол, шириниҳо ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.

Кудакон аз туҳфаҳои Сарвари раъийятпарвару инсондӯсти кишвар изҳори хушҳолӣ намуда, барои ҳамаи ғамхориҳои пайвастаашон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ баён доштанд.

Дар мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ятимон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, соҳибилм шаванд ва бо касбу ҳунари худ фарди ватандӯсту ватандор гарданд.

Мавриди зикри хос аст, ки дар тӯли 33 соли Истиқлоли давлатӣ ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбари давлат қарор доранд ва барои беҳдошти зиндагии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.

Сентябрь 9, 2024 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд