СИТРУСПАРВАРӢ. Водии Вахши Тоҷикистон барои парвариши меваи грейпфрут мусоид аст

Сентябрь 25, 2024 13:48

ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Иқлими водии Вахши Тоҷикистон барои парвариши меваи грейпфрут мусоид аст. Аз ин рӯ чанд сол мешавад, ки дар ин водӣ навъи беҳтарини грейпфрут парвариш меёбад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар бунгоҳи таҷрибавии зироати субтропикии Вахш чанд навъи грейпфрут мавҷуд аст. Дар як сол аз ҳар бехи он 100—120 дона мева гирифта мешавад.

Дарахти грейпфрут серхор буда, аз 8 то 12 метр баландӣ дорад.  Баргаш калон, байзашакл, ҷилодор ва гулаш сафеди калони хушбӯй аст. Мевааш калон буда, ранги сурча дорад, пӯсташ ғафси зардча, мағзаш сероб ва ширини туршмазза аст.

Грейфрутро дар ватани мо дар гармхонаҳо парвариш менамоянд. Аз моҳи март то оғози зимистон болояш кушода мемонад, то аз Офтоб хуб ғизо гирад.  Ин мева ба ҳавои хунук тобовар нест.

Ба тавсияи табибон, дар таркиби меваи грейпфрут 1-2,5 фоиз кислотаҳои органикӣ, 5-10 фоиз қанд, ба миқдори зиёд витамини А, С ва Е мавҷуд ҳастанд. Шарбати грейпфрут иштиҳоовар буда, барои муолиҷаи бемориҳои сироятӣ ва дил (миокардит, эндокардит) манфиатбахш аст.

Инчунин аз пӯсти он равғани махсус ҳосил мекунанд, ки метавонад дарди сар ва асабониятро коҳиш диҳад. Дар давраи тирамоҳу зимистон истеъмоли грейпфрут норасоии витаминҳоро дар бадани инсон пешгирӣ карда, системаи масуниятро мустаҳкам менамояд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 25, 2024 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад