СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи меъморӣ вобаста ба моҳияти муқаррароти Кодекси андоз машварат доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар мавзуи «Моҳияти муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» машварат баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.
Иброз гардид, ки дар асоси муқаррароти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ, самаранокии хароҷоти он ва фарогирии пурраи сарчашмаҳои имконпазири даромади буҷет ва ба хотири густариш бахшидани раванди рақамикунонии молияву андоз 11 июни соли 2024 байни Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома дар бораи табодули маълумот тавассути модулҳои барномаи компютерӣ ба имзо расид.
Таъкид гардид, ки мавриди корбарӣ қарор додани созишномаи нави ҳамкорӣ дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ, Консепсияи иқтисоди рақамӣ ва Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025 барои тақвият бахшидан ба рақамикунонии мақомот ва ташкили табодули маълумот тавассути модулҳои барномаҳои компютерӣ амалӣ гардид.
Вазифаи хизматии ҳар яки мо аст, ки бо риояи дақиқи қонунгузориҳо дар соҳаи мақомоти давлатӣ фаъолият намуда, бо интизоми намунавии хизматӣ, эҳсоси волои ватандӯстона ва донишу маҳорати баланди касбӣ дар пешрафти соҳа ва мамлакат саҳм гузорем.
Кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни саволу ҷавоб бо кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мушаххас гирифтанд.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад






