СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030. Дар он се ҳадафи миллии эълоншуда чун вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд

Сентябрь 30, 2024 11:32

ДУШАНБЕ, 30.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯз, 30 сентябри соли 2016 Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Имсол ба қабули он ҳашт сол пур шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  мавриди қабули Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 изҳор доштанд, ки «…дар ин санад се ҳадафи миллии эълонкардаамон ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд ва мо азми қавӣ дорем, ки дар ояндаи наздиктарин иҷрои онҳоро таъмин намоем.

Дар давраҳои минбаъда ин ҳадафҳо сифати нав касб карда, асоси онҳоро гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба давлати транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ташкил хоҳад дод.

Дар ин раванд ба самаранокии соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, рушди неруи инсонӣ, гуногуншаклии истеҳсолот, тақвияти институтсионалӣ ва тараққиёти минтақаҳо афзалият дода мешавад.

Мо рушди устувори минбаъдаи мамлакатро дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ намуда, барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имконият дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ талош менамоем ва барои роҳ надодан ба осебпазирии иқтисоди миллии мамлакат дар давраи дарозмуҳлат тадбирҳои алоҳидаро амалӣ менамоем».

Дар муқаддимаи ин стратегия, аз ҷумла чунин омадааст: «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд — СМР-2030) дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалияти рушди мамлакат, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст».

Ин ҳуҷҷат бо назардошти тағйироти солҳои охир, ки дар мамлакат ва ҷаҳон ба амал омадаанд, бахусус таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонии солҳои 2007-2009 ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ тартиб дода шудааст.

Стратегияи миллии рушд-2030 инчунин уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устуворро (ҲРУ), ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат мегирад.

Диққати асосӣ дар Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола  ба консепсияи рушди устувори инсон равона шудааст. Бинобар ин, пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолот ва истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ, вазифаҳои асосӣ ва шартҳои ҳаётан муҳими рушди устувори инсон маҳсуб мешаванд.

Машваратҳои миллӣ аз рӯи рӯзномаи Ҳадафҳои рушди устувор имкон доданд афзалияти асосии рушди мамлакат баъди соли 2015, ки ба татбиқи онҳо идеологияи иқтисодӣ, принсипҳои заминавӣ ва маҷмўи тадбирҳои дар Стратегияи миллии рушд-2030 инъикосёфта равона шудаанд, муайян карда шаванд. Ба чунин афзалият: маориф;  тандурустӣ; шуғл; нобаробарӣ; мубориза бар зидди коррупсия;  таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо; идоракунии самаранок; ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; пешгирии низои эҳтимолӣ; амнияти энергетикӣ, экология ва идоракунии равандҳои демографӣ дохил мебошанд.

Стратегияи миллии рушд-2030 дар назар дорад, ки барои амалисозии чунин афзалият ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъулияти мақомоти идоракунии давлатӣ, бизнес ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд нақши муҳим дошта бошанд. Фаъолияти ин ниҳодҳо дар низоми миллии баҳодиҳӣ ва ояндабинии рушд, муайянсозии вазифаҳои кӯтоҳмуҳлат ва дарозмуҳлат ва мутаносибан нақшаҳои татбиқи онҳо асос меёбад.

Бинобар ин, дар Стратегияи миллии рушд-2030 масъалаҳои тақвияти рушди институтсионалӣ дар самти таъмини самаранок, шаффоф ва назорати идоракунӣ ва молиявии зиддикоррупсионӣ дар асоси ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ дар ҳамаи сатҳи идоракунии давлатӣ, дар маҷмуъ бунёди модели идоракунии технократӣ ва меритократӣ (шоистасолорӣ) дар мамлакат дар мадди аввал гузошта шудаанд. Барои тақвият додани нақши ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъулияти иҷтимоии тиҷорат дар раванди назорат ва рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ тадбирҳо оид ба коҳиш додани фишори маъмурӣ ба фаъолияти хоҷагидорӣ, кам кардани ҷузъи коррупсионӣ, аз ҷумла дар асоси рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ баррасӣ мегарданд.

Ҳамзамон дар шароити ба қадри кофӣ рушднаёфтаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бизнес мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳамоҳангсозӣ ва бар дўш гирифтани масъулият барои таъмини рушди индустриалӣ ва инноватсионии иқтисодиёти миллӣ барои диверсификатсияи васеъ ва рақобатнокии он нақши пешбарандаро хоҳанд бозид.

Рушди ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъул ҳамзамон тақвият додани нақши ҷомеаи шаҳрвандиро дар назорати ҷамъиятии фаъолияти давлат ва бизнес дар назар дорад.

Умуман ин ҳуҷҷат ҳамчун нақшаи амалии директивӣ барои тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва нақшаи амалии индикативӣ барои бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баромад мекунад ва барномаҳои кумаки техникӣ ва молиявии мамлакат бар он асос меёбанд.

Тағйирёбии босуръати симои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва технологии ҷаҳони муосир дар назди ҷумҳурӣ масъалаи таъмини рушди иқтисодии устуворро бо чораҳои пешгирикунандаи таъмини амнияти миллӣ мегузорад.

Дар оянда мақсадҳои сиёсати беруна бояд ба фароҳам овардани шароити берунаи мусоидаткунандаи рушд, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳо, манфиатҳо ва шаъну шарафи шаҳрвандон берун аз мамлакат, таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ равона карда шаванд. Ҳамзамон сиёсати дохилӣ бояд ба коҳишдиҳии осебпазирии иқтисодиёти мамлакат ба таҳдидҳои эҳтимолии беруна, ҷустуҷў ва таҳияи механизмҳои самаранок ва сарчашмаҳои дохилии рушди устувори иқтисодӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, шуғли пурмаҳсул, дастрасии устувор ба захираҳои энергетикӣ ва фазои мусоиди соҳибкорӣ равона гардад. Иқтидори иқтисодии мамлакат бояд ҳамчун заминаи моддии амнияти миллӣ арзёбӣ гардад. Дар ин робита истифодаи оқилонаи сармояи инсонӣ ва табиӣ, аз ҷумла, таҳкимбахшии иқтидори институтсионалии рушд дар самти баланд бардоштани самаранокӣ, диверсификатсия ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ рушди индустриалии ояндаро муайян месозад ва гузаришро аз иқтисоди аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ таъмин менамояд.

Масъалаҳои таъмини идоракунии демократӣ дар мамлакат, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва вусъатдиҳии имконияти инсон аҳамияти аввалиндараҷа хоҳанд дошт. Тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини дастрасӣ ба ғизои хушсифат, беҳсозии обтаъминкунӣ, ҳолати санитарӣ ва таркиби ғизохӯрӣ, коҳишдиҳии сатҳи нобаробарии иҷтимоӣ ва гендерӣ дар тамоми шаклҳои он, аз ҷумла масоили устувории экологӣ ҳамчун самтҳои муҳими фаъолияти ниҳодҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ хоҳанд шуд.

Дар давраи дарозмуҳлат таъмини рушди устувори мамлакат бе истифодаи навовариҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ғайриимкон аст. Самтҳои стратегии рушд бояд афзоиши фаъолнокии сармоягузорӣ ва иқтисодиро дар қитъаи Осиё, нақши давлатҳои Осиёи Марказиро дар он ва умуман, фаъолсозии ҳамкориро дар доираи минтақаи кишварҳои Ҷануб-Ҷануб ба инобат гиранд. Дар даҳсолаи наздик силсилаи нави технологӣ, иқтисодӣ ва сиёсии хоҷагии ҷаҳонӣ оғоз меёбад, ки он суръати афзоиши иқтисодии ҷаҳониро то нимаи асри XXI тадриҷан коҳиш медиҳад. Мо бояд барои дарки дурусти ин раванд омода бошем ва аз имрӯз самтҳои модели рушди ояндаро муқаррар намуда, хусусияти сифатии онро муайян созем.

Омили такондиҳандаи чунин модели рушд захираи инсонӣ бо ҷузъҳои асосии таркибии он – маориф ва илм ҳамчун шарти муҳимтарини баланд бардоштани сатҳи амнияти миллӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт бояд тадбирҳои пешгирикунанда андешид ва гузариш ба низоми таҳсилоти умумии 12-сола ва ҷорисозии васеи стандартҳои байналмилалии таълимиро дар низоми таҳсилоти олии касбӣ таъмин намуд.

Нақши давлат дар муайянкунӣ ва дастгирии самтҳои афзалиятноки илму техника бояд тақвият дода шавад.

Бояд гуфт, ки ҳадафи олии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 рушди дарозмуддати Тоҷикистон, яъне баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми мамлакат бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ мебошад.

Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ ҳадафҳои зерин барои 15 соли оянда муайян шудаанд:

  1. Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;
  2. Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба давлати транзитӣ;
  3. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат.

Ба ин ҳадафҳо ҳамчунин метавон вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро низ дохил намуд.

Дар маҷмуъ, бо расидан ба ин ҳадафҳои олӣ ва татбиқи пурраи ин стратегия метавон ба рушди устувори мамлакат ва зиндагии шоиста барои мардуми Тоҷикистон ноил гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 30, 2024 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми 5-уми ҳамкории мудирияти андоз дар Чин иштирок намуд
НОБИҒАЕ ДАР ОЛАМИ МАЪРИФАТ. Ҷалолиддини Балхӣ шуҳрати фарҳангу адаби тоҷикро беназиру оламгир гардонидааст
ИМРӮЗ-РӮЗИ МАВЛОНО. Ҷалолиддини Балхӣ парвардаи обу хоки Хуросону Мовароуннаҳр буда, ашъораш саршор аз забони тоҷикӣ аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли себ ба одамони камхун фоида дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ҳар шаҳрванд вазифадор аст забони давлатиро донад
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» доир мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДИЛ. Кори мураттаби дил ба тамоми узвҳои бадани инсон вобастагии зич дорад
ФУРӮШИ КИТОБҲОИ БЕЗАВОЛИ МАВЛОНО ЯКЕ АЗ ДУ ҶОЙИ АВВАЛРО ДАР ҶАҲОН ИШҒОЛ МЕКУНАД. Ин нобиғаи сухан мояи ифтихори мо — тоҷикон ва тамоми башарият аст
ИМРӮЗ — РӮЗИ МОШИНСОЗОН. Тоҷикистон дар миқёси Осиёи Марказӣ ва ИДМ ягона давлате аст, ки корхонаи истеҳсоли электробус дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Конститутсия ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии мамлакат табдил ёфтааст
ЗИ ҲАМРОҲОН ҶУДОӢ МАСЛИҲАТ НЕСТ. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба муносибати Рӯзи Мавлоно
Эмомалӣ Раҳмон: «То моҳи августи соли 2025 ба сатҳи 1110 метр баланд бардоштани сарбанди НБО-и «Роғун» таъмин карда шавад»