Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт

Сентябрь 8, 2024 14:20

08.09.2024, ноҳияи Ашт

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти мову шумо дар арафаи ҷашни истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад.

Фарорасии ин ҷашни бузургу муқаддаси миллиамонро ба мардуми мамлакат, аз ҷумла ба сокинони заҳматқарини ноҳияи Ашт самимона табрик гуфта, ба тамоми мардуми сарбаланди вилояти Суғд, бахусус, ноҳияи Ашт барои саҳми арзандаашон дар корҳои ободониву бунёдкорӣ ва иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён менамоям.

Мардуми сарбаланди ноҳияи Ашт дар доираи пешбурди сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ба хотири истиқболи сазовори солгарди истиқлоли Ватани маҳбубамон аҳлона заҳмат кашида, дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаанд.

Дар давоми се соли охир дар ноҳия 850 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 160 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст ва нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ барзиёд таъмин гардидааст.

Ин дастовард боиси аҳсан ва намунаи ибрат барои дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мебошад.

Барои саъю талоши ватандӯстона ба сокинони ҳимматбаланд, соҳибкорони бонангу номус ва фаъолони ноҳияи Ашт як ҷаҳон ташаккуру миннатдории худро баён менамоям.

Мо зимни сафари навбатӣ ба ноҳияи Ашт ба фаъолияти якчанд иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла майдони Нишони давлатӣ, корхонаҳои нассоҷӣ, фермаҳои чорводорию парандапарварӣ, маҷмааи варзиш ва маркази савдову хизматрасонӣ оғоз бахшида, шоҳиди вусъати корҳо дар як қатор иншооти дигар гардидем.

Бояд гуфт, ки сокинони ноҳия, махсусан, соҳибкорони бонангу номуси он бо кору фаъолияти содиқонаашон дар амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат дар ҷодаи рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, бунёди роҳу пулҳо, иншооти маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳо саҳми ватандӯстонаи худро гузошта истодаанд.

Дар натиҷаи чунин иқдомоти ватандӯстона барои аҳолӣ то имрӯз ҷойҳои зиёди корӣ таъсис дода шудаанд.

Танҳо дар 5 соли охир аз ҷониби соҳибкорон дар ноҳия 20 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуда, дар онҳо зиёда аз ҳазор нафар сокинони ноҳия бо ҷойи нави корӣ таъмин гардиданд ва шароити зиндагиашонро беҳтар намудаанд.

Боиси қаноатмандист, ки имрӯз ду корхонаи нав, яъне корхонаҳои нассоҷии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Саноати Ашт» бо зиёда аз 700 ҷойи корӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ намуданд.

Ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои зикршуда боиси ба шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани занону бонувони ин ноҳияи дурдасти кишвар мегардад.

Корхонаҳои мазкур бо сармояи ватанӣ дар ҳаҷми беш аз 90 миллион сомонӣ бунёд гардида, иқтидори шабонарӯзии онҳо коркарди 15 тонна нахи пахтаро ташкил медиҳад.

Яъне иқтидори бунёдшуда имкон медиҳад, ки ҳаҷми пахтаи дар ноҳия истеҳсолшаванда дар худи ноҳия коркард карда шавад.

Қобили зикр аст, ки дар доираи роҳандозии нақшаву барномаҳои рушди истеҳсолоти саноатӣ корхонаҳои зикршуда бо таҷҳизоту технологияҳои пешрафта муҷаҳҳаз гардида, молҳои истеҳсолшаванда бо сифати баланд ва ҷавобгӯй ба стандартҳои бозори дохиливу хориҷӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.

Зимни боздид аз фаъолияти ин корхонаҳо ва намоиши маҳсулоти онҳо ба роҳбарони корхонаҳо дастур дода шуд, ки корро дар самти зиёд намудани номгӯйи молҳо ва ба роҳ мондани коркарди пурраи нахи пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии саноатӣ бо арзиши баланди иловашуда боз ҳам тақвият бахшанд.

Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки доир ба беҳтар кардани шароити маишии кормандон, бунёди кӯдакистон ва ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар ба соҳибкорони бонангу номуси Ватан, аз ҷумла соҳибкорони ноҳияи Ашт барои корҳои созандагиву бунёдкоронаашон миннатдории Хукумати мамлакатро баён карда, як масъаларо хотиррасон менамоям.

Ватандорӣ ва ватансозӣ ифтихори бузург ва дар баробари ин, қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла шумо – соҳибкорон мебошад.

Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, ки аксари шумо дар ёд доред, мо дар як давраи начандон тӯлонии таърихӣ давлати Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ ва миллати тоҷикро аз хатари парокандагӣ раҳо карда, ба як кишвари воҳид ва давлати соҳибистиқлоли дар арсаи олам эътирофшуда табдил додем.

Воқеаву ҳодисаҳои ҷаҳони имрӯза собит менамоянд, ки Ватан барои ҳар як инсони бонангу номус Ватан аст ва баробар ба модар мебошад.

Ягон кишвари дигар онро иваз карда наметавонад ва кафолати амну осудагии шаҳрвандон ва пешрафту тараққиёти мамлакату давлати дигарро таъмин намекунад.

Бинобар ин, ҳар яки шумо – соҳибкорони ватандору ватандӯсти кишварро даъват менамоям, ки ҳар имконияту иқтидоре, ки доред, барои ободии Ватани хеш, хусусан, бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ барои ҳамватанони худ сафарбар намоед.

Бояд гуфт, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 100 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст, ки аксари онҳо ба саноати коркард рост меоянд.

Вале дар самти расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмин намудани шуғли пурмаҳсул дар вилоят имконияту захираҳои истифоданашуда ҳоло ҳам хеле зиёд мебошанд.

Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ суръати рушд дар зерсоҳаи саноати коркард ҳамагӣ 7,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли хӯрокворӣ 5 фоизро ташкил додааст, ки ба талаботи нақшаву барномаҳои рушди соноати мамлакат ҷавобгӯй нест.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои бунёди корхонаву коргоҳҳо дар самти коркарди захираҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатии дорои арзиши баланди иловашуда, аз ҷумла масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш, инчунин, рушди сайёҳӣ имкониятҳои фаровон мавҷуданд.

Ҳозирини гиромӣ!

Мо имрӯз, инчунин, дар ноҳияи Ашт бо ҷараёни корҳо дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Рахшона» дар самти рушди чорвопарварию парандапарварӣ ва моҳипарварӣ шинос шудем.

Дар ҷамъияти мазкур мурғи гӯштӣ ва чорвои калон парвариш карда мешавад, ки барои таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифат, бо нархи дастрас ва дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳм мегузорад.

Парвариши моҳӣ дар ин ҷамъият ба таври суперинтенсивӣ ба роҳ монда шудааст ва илова бар ин, имрӯз ба парандапарварӣ, яъне истеҳсоли боз як навъи гӯшти парҳезӣ оғоз бахшида шуд.

Дар 5 соли охир истеҳсоли моҳӣ дар ноҳия беш аз 16 баробар афзудааст, ки ин нишондиҳандаи хеле хуб мебошад.

Танҳо дар ҳафт моҳи соли 2024-ум 48 фоизи истеҳсоли гӯшти моҳии вилоят ба ноҳияи Ашт рост меояд ва истеҳсоли гӯшти паранда дар ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 баробар афзудааст, ки боиси аҳсан мебошад.

Инчунин, аз ҷониби ҷамъияти «Рахшона» барои беҳтар намудани заминҳои корам бо оби полезӣ зиёда аз 7 километр хатти обрасонӣ бо пойгоҳи обкашӣ бунёд гардидааст, ки дар натиҷа обрасонии зиёда аз 100 гектар замин беҳтар ва 120 гектар замини партов ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст.

Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, дар ҷодаи амалисозии ҳадафи стратегии миллӣ оид ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ маҷмуи тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ карда истодааст.

Дар натиҷа ҳоло дар Тоҷикистон таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ ба 85 фоиз расонида, бахусус, истеҳсоли гӯшту шир ба меъёрҳои истеъмолӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Бо дастгириҳои давлатӣ ва пешниҳоди имтиёзҳои мушаххас соҳаи парандапарварӣ тадриҷан рушд ёфта, танҳо дар 6 соли охир дар кишвар шумораи корхонаҳои соҳа 3,5 баробар, ҳаҷми истеҳсоли тухм 3,6 ва гӯшти паранда 7,3 баробар афзудааст.

Вале имконияту воситаҳои истифоданашуда доир ба рушди соҳаҳои парандапарвариву моҳипарварӣ ва ба ин васила таъмин намудани бозори истеъмолии кишвар бо ин намудҳои маҳсулот, ташкили сайёҳии гастрономӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ин ҳисоб дар аксари шаҳру ноҳияҳои мамлакат хеле зиёд мебошанд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, Вазорати кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута бояд ҷиҳати баланд бардоштани маҳсулнокии соҳаи кишоварзӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Зарур аст, ки дар самти кам кардани талафоти саршумори паранда ва ба ин васила зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳа, инчунин, бо истифодаи таҷрибаи пешқадам вусъат бахшидан ба ташкили корхонаҳои парандапарвариву моҳипарварӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд.

Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки барои баланд бардоштани ҳосилхезии замин ва ҳосилнокии зироатҳо усулҳои нави обёрии заминҳои кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои аълосифат, технологияҳои муосир ва нуриҳои маъданӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад.

Таҷрибаи пешқадам оид ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ бо усули обёрии қатрагӣ дар хоҷагии деҳқонии «Абдуҷаббор»-и ноҳияи Ашт яке аз мисолҳои маданияти баланди истифодаи замин ба ҳисоб меравад.

Роҳбарияти хоҷагӣ бо харҷи ним миллион сомонӣ ва бунёди ҳавзи об бо ғунҷоиши 1400 метри мукааб обёрии қатрагиро барои 7,5 гектар замини боғот ва ҳамзамон бо ин, кишти такрории 14 намуди зироат ба роҳ мондааст.

Гирифтани ҳосили баланди зироатҳои гуногун на танҳо аз шароити замин ва иқлими минтақаи алоҳида, балки аз ҷидду ҷаҳди деҳқони асил вобаста мебошад.

Мо мисоли ба роҳ мондани парвариши хучро дар ноҳия дида будем.

Танҳо дар се соли охир майдони ҳосилдиҳандаи хуч дар ноҳия 70 фоиз ва истеҳсоли ин намуди маҳсулот ду баробар афзудааст.

Дар ду соли охир дар ноҳияи Ашт 3,3 ҳазор тонна хуч истеҳсол гардида, аз он мустақиман аз ноҳия 400 тонна ба хориҷи кишвар содирот ва боқимонда ба дигар минтақаҳои кишварамон барои коркард, бандубаст ва содироти минбаъда интиқол дода шудааст.

Яъне афзоиши истеҳсоли ин намуди маҳсулот на танҳо барои ба шуғл фаро гирифтани сокинони ноҳияи Ашт, балки ба зиёд шудани ҷойҳои корӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар мусоидат намудааст.

Шароити иқлими ноҳияи Ашт барои рушди соҳаи боғдорӣ мусоид буда, дар ноҳия майдони боғҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ қариб 20 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Танҳо соли ҷорӣ 66 гектар боғоти нав ташкил шуда, 82 гектар боғҳои куҳна барқарор карда шудаанд.

Ҳоло ҳосилнокии боғҳои ноҳия нисбат ба соли 1991-ум 7,5 баробар зиёд шудааст.

Дар ноҳияи Ашт солҳои 2023 – 2024-ум 85 ҳазор тонна мева истеҳсол шудааст, ки аз он 8 ҳазор тонна меваи тару тоза ва 1,5 ҳазор тонна меваи хушк мустақиман аз ноҳия ба хориҷи кишвар содирот гардидааст.

Бори дигар таъкид мекунам, ки дар шароити бисёр ҳассоси ҷаҳони муосир бояд ба масъалаҳои истифодаи самараноки обу замин ва гирифтани 2 – 3 ҳосил ва ба ин васила таъмин намудани талаботи аҳолии мамлакат ба маҳсулоти озуқаворӣ аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҷиҳати бо усули обёрии қатрагӣ васеъ ба роҳ мондани таҷрибаи кишти зироатҳои гуногун, роҳандозии саривақтии кишти такрории зироатҳо, бахусус, дар майдони боғот ва ба ин васила зиёд намудани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ тамоми захираву имкониятҳо сафарбар карда шаванд.

Такроран таъкид месозам, ки ба масъалаҳои захира намудани маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар як оила ва сарфакорӣ дар ҳамаи самтҳои зиндагии шаҳрвандон, хусусан, дар истифодаи неруи барқ аҳаммияти зарурӣ дода шавад.

Ҳамчунин, ҳарчи бештар ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ба содирот баровардани маҳсулоти ниҳоӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки бояд таҳти назорати доимӣ қарор дошта бошанд.

Бо ташаббусҳои созандаи соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони ноҳияи Ашт дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 122 километр роҳҳои дохилӣ ба маблағи зиёда аз 50 миллион сомонӣ таъмиру таҷдид карда шудаанд.

Имрӯз роҳҳои дохилии деҳаи Гулшан, ки дар масофаи 20 километр бо сифати баланд таъмир гардидаанд, мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуданд.

Бо вуҷуди корҳои назарраси то имрӯз амалигардида, роҳбарияти ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ва татбиқи чорабиниҳои панҷсолаи рушди саноат минбаъд низ бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла бо соҳибкорону сармоягузорони ноҳия ҳамкории судмандро идома диҳанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ашт ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 3,7 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Дар ноҳия ҷиҳати таҷдиду бунёди иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, нигоҳдории роҳҳо ва сохтмони хатти интиқоли барқ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 310 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло дар ин самтҳо татбиқи боз 3 лоиҳаи дигар идома дорад, ки маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда беш аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 35 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 14 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Танҳо дар соли ҷорӣ сохтмони 4 бинои муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 2600 хонанда бомаром идома дошта, то имрӯз якчанд иншооти навбунёди соҳаи маориф мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Бо вуҷуди дастовардҳо дар ноҳия зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиӣ ва риёзӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Инчунин, бояд сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбии ноҳия беҳтар карда шуда, ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таъсис дода, ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони ноҳия чораҳои иловагӣ андешида шаванд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ашт 26 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Аммо дар ноҳия масъалаҳои ҳалталаби соҳа, аз ҷумла таъмирталаб будани баъзе марказу бунгоҳҳои саломатии деҳот, корношоям будани таҷҳизоти онҳо ва норасоии кадрҳои соҳа, бахусус, табибон ба назар мерасанд, ки андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамоянд.

Бо дарназардошти саъю талоши ватандӯстонаи соҳибкорон ва аҳолии ноҳияи Ашт як масъалаи муҳимро хотирнишон менамоям.

Шумо хуб медонед, ки масъалаи ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон яке аз масъалаҳои муҳимми низоми таълиму тарбия мебошад.

Бинобар ин, шумо бори дигар намуна нишон дода, то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ҳар як деҳаи калон барои фарзандону набераҳои худатон як муассисаи томактабӣ ва барои ҳамдиёронатон як бунгоҳи тиббӣ бунёд кунед.

Шумо ҳамин корро кунед ва мушоҳида кунед, ки дар муддати кӯтоҳ чӣ қадар мушкилоту масъалаҳо аз байн мераванд, чӣ қадар одамон соҳиби ҷойи кор мешаванд ва зиндагии мардум чӣ гуна тағйир меёбад.

Ҳамчунин, зарур аст, ки дар ду соли оянда, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳия боз 15 корхонаи нави саноатӣ бунёд карда шавад.

Ман медонам, ки шумо – соҳибкорони ватандӯст ва мардуми бонангу номуси ноҳияи Ашт барои анҷом додани ин кор имконият ва муҳимтар аз ҳама, ғайрату ҳиммат доред.

Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки вазифаи муҳимми роҳбарону фаъолони ноҳия густариш бахшидани корҳо дар байни аҳолӣ бо мақсади пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ ва анъанаҳои номатлуб мебошад.

Ҳамзамон бо ин, ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кардани ҷавонон ва дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия кардани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба шумор меравад.

Вобаста ба ин, роҳбарону масъулини ноҳияро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби васеи сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ, бахусус, дар байни наврасону ҷавонон мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Хотиррасон менамоям, ки ҳамаи шумо аз камбудиву мушкилоти рӯзи 9-уми март дар суханронии Роҳбари давлат бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин баёнгардида хабар доред.

Ман андешаҳои худро доир ба ин масъалаҳо чанд рӯз пештар дар Рӯзи дониш низ баён доштам.

Иҷрои дастуру супоришҳои додашуда ва бартараф кардани мушкилоту камбудиҳо, дар навбати аввал вазифаи шумо – роҳбарон ва фаъолон мебошад.

Зеро ҳар яки шумо бевосита бо мардум кор мекунед.

Мову шумо бояд ҳамеша шукронаи соҳибдавлату соҳибватанӣ ва сулҳу оромиро ба ҷо оварем, мардум, аз ҷумла наврасону ҷавононро ба роҳи дуруст ва ободкориву созандагӣ ҳидояту роҳнамоӣ кунем.

Сармоягузорону соҳибкорон ва роҳбарони корхонаву коргоҳҳои кишоварзиву саноатии вилоят, аз ҷумла ноҳияи Ашт, дар навбати худ, бояд ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафҳои умумимиллӣ ва иҷрои вазифаи иҷтимоии хеш – таъсиси ҷойҳои корӣ барои ҳамдиёрони худ минбаъд низ ҷаҳду талош намоянд ва фаъолияти худро барои рушду пешрафти кишвар ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистони азизамон равона созанд.

Аз фаъолияти шумо – истеҳсолкунандагони муҳтарам ва соҳибкорон – пешрафту ободии Ватан ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум вобастагии зиёд дорад ва дар ин ҷодаи пурмасъул бароятон комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Бори дигар сокинони вилояти Суғд, ноҳияи Ашт ва шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори 33-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини ноҳия барои амалӣ гардонидани ҳадафу ормонҳои нек барору муваффақият ва хонаи ободу рӯзгори пурфайз орзу менамоям.

Доимо хушбахту пирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!

Сентябрь 8, 2024 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

КИШОВАРЗӢ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин соҳа ба таври назаррас рушд меёбад
АЗ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН СИПОСГУЗОРЕМ! Имсол 20 олим соҳиби мукофоти давлатӣ гардид
Дар 33 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон тибби тоҷик барои ташхис ва табобат беш 2 ҳазор амалиёти нав ворид намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Доир ба нақши Истиқлолият дар рушди библиографияи миллӣ ва такмили фондҳои китобӣ ҳамоиш доир шуд
Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар рушди идоракунии давлатӣ саҳми арзанда доранд
Дар шаҳри Панҷакент бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ якчанд иншоот ифтитоҳ шуд
Дастаи «Хатлон-2» соҳиби «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» гардид
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷашни Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт корхонаҳои дӯзандагӣ, ҷӯроббофӣ ва коргоҳи пойафзолдӯзиро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба фаъолияти корхонаи ресандагии ҶДММ «Саноати Ашт» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба ятимон туҳфаҳои идона тақдим намуданд