Доир ба нақши Истиқлолият дар рушди библиографияи миллӣ ва такмили фондҳои китобӣ ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 8, 2024 13:57

ДУШАНБЕ, 08.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» ва Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобшинос»-и муассиса бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар мавзуи «Нақши Истиқлолият дар рушди библиографияи миллӣ ва такмили фондҳои китобӣ» ҳамоиш баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон хабар доданд.

Директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» Сайзароб Нодирзода иброз дошт, ки бо шарофати тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон илму фарҳанг ва иқтисоди миллӣ пеш рафта, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагӣ, сарҷамъии миллат таъмин гардид. Дар замони сиҳибистиқлолӣ худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тақвият ёфта, эътимоди мардум ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон мустаҳкам гардид.

Ҳамзамон иштирокчиён бо намоиши китоби муассиса, ки аз осори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин осори тахассусии  нашркардаи ин агентӣ иборат буд, шинос шуданд.

АКС: Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2024 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ вусъат меёбанд
Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди иқтисоди рақамӣ баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Бо ҷалби волонтёрон дар пойтахт ҳашарҳои экологӣ гузаронида мешаванд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Қубодиён 171 иншоот бунёд карда мешавад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳоти шаҳри Турсунзода иншооти иҷтимоиву варзишӣ ва роҳи маҳаллӣ мавриди истифода қарор дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон биноҳои нави иловагии таълимӣ бунёд карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб пули нави мошингузар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт